Arzon march 2024
Бе косметика назди хостгорон баромада бадбахт шудам
25.07.2022
Mahina
2609

 

Ман Сумая, аз шаҳри Душанбе ҳастам. Бо Дилшод ном ҷавоне суҳбат мекардем, рафта –рафта дӯстиамон ба ишқу муҳаббат табдил ёфт. Модараш ба хонаамон хостгорӣ омад.

Рӯзе, ки моро фотиҳа мекарданд, хостгорон аз падарам хоҳиш намудаанд, ки келинро як бор бинем. Модарам ба ҷону ҳолам намонда, маро наздашон бурданд. Рость ба наздашон бе ягон орову торо баромадам, то нагӯянд, ки худашро хушрӯй нишон доданӣ шуда, хуб рангу бор кардааст. Баробари маро дидан якбора авзои модари Дилшод беҷо шуд ва қошу қавоқ гиронда «ин духтар ба писари ман муносиб нест» гӯён, омин карда аз ҷояш бархост ва ҳатто хайрухӯш карданро нася гузошта рафт.

Зор-зор гириста садҳо бор ба тақдири бадам лаънат хондам. Дертар ба Дилшод занг зада, ҳодисаи рӯйдодаро нақл кардам. Шарм дошта, ба ҷойи модараш аз ман узр пурсид ва ваъда дод, ки албатта масъаларо ҳал мекунад. Бо ҳамин ҳафтаҳо гузаштанду Дилшод дигар занг назад. Аз дӯстонаш шунидам, ки бо модараш ҷанҷол карда, ба Русия рафтааст. Акнун чӣ кор карданамро намедонам. Бе Дилшодҷонам зиндагӣ дар назарам аз гӯр ҳам ториктар менамояд. Дилшодҷон, мабодо чашмат ба номаи ман афтад, зудтар зангам бизан, вагарна…


Сумая

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД