sebiston july new
Базми шеъри Муҳаммад Ғоиб дар «Кохи Суруш»
242

Дирӯз бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб дар «Кохи Суруш»-и пойтахт таҳти унвони «Меҳри Ватан» барномаи фарҳангӣ ва базми шеъри ин шоири ширинкалом баргузор гашт.

Ин маҳфили зебои фарҳангӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он чеҳраҳои намоёни илм, адабиёт, санъат ва фарҳанги кишвар, ҳамчунин мухлисон ва ҳаводорони шеъри Муҳаммад Ғоиб ширкат доштанд.

Муҳаммад Ғоиб аз зумраи шоирони номвар ва баркамоли адабиёти муосири тоҷик мебошад, ки бо ашъори баландмазмунаш дар ҷомеа мавқеи намоёнро соҳиб шудааст. Мавзӯи меҳварии ашъори шоири хушбаён тараннуми Ватан, Тоҷикистон, васфи табиати афсункори ин сарзамини биҳиштосо ва муқаддасоти миллӣ мебошад.

Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 китоб, аз ҷумла «Турнаҳо», «Роҳи деҳа», «Фарёди ёдҳо», «Меҳри гиёҳ», «Хоки ватан», «Гавҳари меҳр», «Нури дида», «Боми сипеҳр», «Гумгаштапайдо», «Роҳи каҳкашон», «Сад ғазал», «Поси ошноӣ», «Парчами нанг», «Девон» «Каъбаи дил», «Подарок», «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ва ғайра мебошад.

Шоир соли 1999 бо ордени «Шараф» сарфароз гардонида шуда, соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон гашт. Соли 2008 Муҳаммад Ғоиб сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин гашта, ҳамчунин Ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматовро сарфароз гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД