Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия шӯъхбаҳои махсуси Кумитаи тафтишотии Россия ташкил карда мешаванд, ки бар зидди бетартибиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ мубориза хоҳанд бурд.
Қайд шудааст, ки дар ин минтақа шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир карда мешаванд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Сарвари Кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрыкин супориш додааст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар тамоми минтақаҳои Россия шӯъбаҳои махсуси Кумитаи тафтишотӣ ташкил карда шаванд.
Новосибирск низ аз ин рӯйхат истисно нест. Авҷ гирифтани ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон дар ин минтақа ба мавзӯи доғи рӯз тадбил ёфтааст. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ бетартибию авбошӣ ва афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ сокинони маҳаллиро ба шӯр овардааст.
Ҳадаф аз ташкили шӯъбаҳои махсус дар тамоми минтақаҳои Федератсияи Россия пурзӯр намудани мубориза ба муқобили авбошию бетартибӣ ва бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон ва ором гардонидани вазъи иҷтимоӣ мебошад, вале худо кунад, ки ин иқдоми раиси кумитаи тафтишотии Россия Александр Бастрыкин ба мисли амалиёти “Нелегал” боз як баҳонаи нав барои зери фишор қарор додани муҳоҷирони меҳнатӣ нагардад