Бастани шартномаи меҳнатӣ
ба муҳоҷирон чӣ фоида дорад?
- Манфиатҳои шартномаи меҳнатӣ.
- Тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ.
- Барои бастани шартномаи меҳнатӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
- Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармо ва коргар.
- Оё муҳоҷири меҳнатӣ ҳуқуқи рухсатӣ гирифтан дорад?
- Аз муҳоҷирон андоз ситонида мешавад?
- Дар кадом ҳолатҳо шартномаи меҳнатӣ қатъ карда мешавад?
- Корфармо музди меҳнати шуморо намедиҳад, чӣ бояд кард?
Манфиатҳои шартномаи меҳнатӣ
Албатта ҳадафи ҳар як шахсе, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меорад, дар кишвари дигар пайдо кардани кори хубу сердаромад мебошад, то тавонад зиндагии худ ва аҳли хонаводаашро беҳбудӣ бубахшад, аммо корфармоён метавонанд бо ваъдаҳои осмонӣ муҳоҷиронро ба кор ҷалб намуда, баъдан аз додани музди меҳнат саркашӣ намоянд ё муҳоҷири бе пушту паноҳро ба ғулом табдил дода, ҳуқуқҳояшро поймол созанд. Барои ба чунин хатарҳо дучор нагаштан муҳоҷир бояд аввал бо корфармо шартномаи хатии меҳнатӣ баста, баъд ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намояд.
Тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ
бо шаҳрвандони хориҷӣ
Дар моддаи 13-и Қонуни Федералии Россия аз 25.07.2002 таҳти рақами N 115-ФЗ ( қонуни мазкур ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Федератсияи Россия муайян менамояд) омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе табаа ҳуқуқ доранд, ки бо истифода аз нерӯи ҷисмонию зеҳнӣ ва донишу малакаи касбии худ дар асоси қонун дар Федератсияи Россия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд, вале бастани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла бо муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе нозукиҳои худро дорад. Тартиби бастани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе табаа дар моддаи 327.2-и Кодекси Меҳнати Федератсияи Россия нишон дода шудааст. Аз ҷумла:
1. Барои дар Федератсияи Россия ба фаъолияти қонунии меҳнатӣ машғул шудан шаҳрванди хориҷӣ бояд иҷозатномаи кор (Разрешение на работу) ва патент дошта бошад. Барои бе иҷозатномаи кор бастани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ ҳам корфармо ва ҳам корманд ба ҷавобгарии маъмурӣ (дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ) кашида мешаванд.
2. Шаҳрванди хориҷӣ танҳо дар ҳамон субъекти Федератсияи Россия ба фаъолияти қонунии меҳнатӣ машғул шуда метавонад, ки аз он ҷо патент гирифтааст. Бо патенти аз як минтақа, масалан аз Санкт Петербург гирифташуда дар минтақаи дигар, ба таври мисол шаҳри Маскав ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан мумкин нест.
3. Корхонае, ки мехоҳад шаҳрвандони хориҷиро ба кор бигирад, бояд ба шӯъбаҳои Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД РФ (ГУВМ МВД) муроҷиат карда, худро ҳамчун корфармои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қайд гузорад ва маълумотҳои заруриро дар бораи корхона, штатҳои корӣ, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба кор гирифтанист, бо маълумоти пурра дар бораи кормандони хориҷие, ки ба кор гирифтанист, пешниҳод созад.
4. Корхона барои ҳар як шаҳрванди хориҷии ба кор гирифтааш 10 ҳазор рубл боҷи давлатӣ месупорад.
Барои бастани шартномаи меҳнатӣ
кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Барои бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба шӯъбаи кадрҳои корхонае, ки дар он ҷо ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шуданиянд, пешниҳод намояд:
- Ариза барои қабул шудан ба кор.
- Нусхаи шиносномаи хориҷӣ (загранпаспорт).
- Иҷозатномаи кор (Разрешение на работу).
- Патент барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ.
- Корти муҳоҷиратӣ бо қайди мақсади сафар “работа”.
- Маълумотномаи қайди макони зист.
- Полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ ё ихтиёрӣ (ОМС ва ё ДМС).
- Маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ.
Пас аз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зикршуда корхона бояд дар муддати 3 рӯз бо коргари наваш шартномаи меҳнатӣ бубандад. Шартномаи меҳнатӣ ҳуҷҷати муҳим буда, муносибатҳои корфармо ва коргарро танзим менамояд. Дар шартнома бояд масъалаҳои зерин дақиқ дарҷ карда шаванд:
- Мӯҳлати амали шартномаи меҳнатӣ.
- Ӯҳдадориҳои корфармо ва коргар.
- Миқдори рӯзу соатҳои корӣ.
- Миқдори музди меҳнат ва тартиби пардохти он.
- Пешбинӣ шудан ё нашудани мукофот барои босифат анҷом додани вазифаҳои худ ё анҷом додани корҳои иловагӣ.
- Тартиби бекор сохтани шартномаи меҳнатӣ ва ғайра...
Шартномаи меҳнатӣ дар ду нусха тартиб дода шуда, як нусхаи он дар корхона мемонад ва нусхаи дигар ба корманд дода мешавад. Корфармо ӯҳдадор аст, ки баъди расман ба кор қабул кардани шаҳрванди хориҷӣ ва бастани шартномаи меҳнатӣ дар дафтарчаи меҳнатии корманд дар кадом вазифа ва аз кадом сана ба кор қабул шудани ӯро қайд намояд. Агар қайди макони зист надошта бошед, корхона метавонад (на ҳамаи корхонаҳо чунин имконият доранд) корманди хориҷиашро дар суроғаи худи корхона дар қайд гузорад.
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармо ва коргар
Кормандоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият менамоянд, бояд интизоми меҳнатро риоя намуда, сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шаванд, вазифаҳои худро софидилонаю хушсифат анҷом дода, моли корхона ва таҷҳизоти дар ихтиёр доштаашонро эҳтиёт намоянд ва кӯшиш кунанд, ки ба корхона зиён нарасонанд. Корфармо дар навбати худ ӯҳдадор мешавад, ки шароити корӣ фароҳам оварда, музди меҳнати кормандонро сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт намояд. Корфармо ӯҳдадор аст, ки бехатарии кормандонашро таъмин намояд. Дар сурати ҳангоми иҷрои вазифаҳояш дар корхона бо коргар рӯй додани ягон ҳодисаи нохуш, агар воқеа аз хунукназарии роҳбарияти корхона сар зада бошад, тибқи қонун корфармо ӯҳдадор аст, ки ҷуброни зарари ба саломатии коргар расидаро пардохт намояд. _ко
Муҳоҷир ба гирифтани
рухсатии меҳнатӣ ҳақ дорад?
Агар шартномаи меҳнатӣ ба мӯҳлати як сол баста шавад, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия кормандони хориҷӣ (муҳоҷирони меҳнатӣ) низ ба гирифтани рухсатии меҳнатӣ ҳуқуқ доранд. Корфармо дар ин ҳолат ӯҳдадор мешавад, ки маблағи рухсатии меҳнатии корманди хориҷиашро пардохт намояд, вале шуморо ба кори мавсимӣ ҷалб намуда бошанд ва муввақатӣ, масалан 5-6 моҳ кор кунед, рухсатии меҳнатӣ дода намешавад.
Аз муҳоҷирон андоз ситонида мешавад?
Муҳоҷирони меҳнатӣ низ дар баробари шаҳрвандони Федератсияи Россия андозсупоранда ба шумор мераванд. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Федератсия Россия бештар аз 183 рӯзи тақвимӣ зиндагию кор кунад, корхона барои корманди хориҷиаш 13% андоз месупорад. Муҳоҷири меҳнатӣ камтар аз ним сол кор кунад, НДФЛ аз рӯйи меъёри 30 % супурда мешавад. Аз соли 2020 қоидаи нав ҷорӣ шуда, акнун муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Россия бештар аз 90 рӯзи тақвимӣ кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд, ки маблағи андозро худашон мустақилона пардохт намоянд. Барои ин тариқи онлайн ба мақомоти андоз ариза пешниҳод намудан кифоя буда, баъди ба қайдгирӣ шумо метавонед маблағи андозро худатон партохт намоед. Тибқи тағйиротҳои 24 ноябри соли 2014 ба моддаҳои 226 ва 227.1-и Кодекси андози РФ ворид карда шуда, кормандони кироя низ ӯҳдадор ҳастанд, ки андоз супоранд
Шартномаи меҳнатӣ дар кадом
ҳолатҳо қатъ карда мешавад?
Аслан бо шаҳрвандони хориҷӣ шартномаи меҳнатӣ ба мӯҳлати то ду сол баста мешавад, вале корфармо метавонад барои вайрон кардани интизоми меҳнат, коргурезӣ, аз нигоҳи касбӣ ба талабот ҷавобгӯй набудан ва ё бо хоҳиши худи корманд шартномаи меҳнатиро пеш аз мӯҳлат қатъ намуда, муҳоҷири меҳнатиро аз кор озод намояд. Боз як баҳонаи дигар барои аз кор озод намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба итмом расидани мӯҳлати патент мебошад, вале аз рӯйи қонун дар ин ҳолат корхона бояд корманди хориҷиашро то як як моҳ ҷавоб дода, ба ӯ имконият диҳад, ки мӯҳлати патенташро тамдид намояд. Пас аз тамдиди патент бар замми шартномаи асосии меҳнатӣ байни корфармо ва коргар боз як шартномаи иловагӣ баста шуда, баъдан муҳоҷир метавонад фаъолияти меҳнатиашро идома диҳад.
Коргар бо хоҳиши худаш аз кор рафтан хоҳад, бояд ҳадди ақал ду ҳафта пеш роҳбарияти корхонаро аз ин азми худ гоҳ созад.
Дар сурати қатъ гаштани шартномаи меҳнатӣ корхона ӯҳдадор аст, ки дар дафтарчаи меҳнатии корманди хориҷиаш мӯҳлати фаъолияти меҳнатии ӯро қайд карда, бо гузоштани мӯҳри корхона, собиқаи кории ӯро тасдиқ кунад ва сипас дафтарчаи меҳнатиро ба соҳибаш баргардонида, дар мӯҳлати се рӯз Сарраёсат оида ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД РФ дар бораи аз кор озод шудани шаҳрванди хориҷӣ огоҳинома фиристад.
Корфармо музди меҳнатро намедиҳад, чӣ бояд кард?
Агар корхона беш аз се моҳ музди меҳнати шуморо қисман ё пурра пардохт накунад, ҳуқуқ доред, ки бо ариза ба Кумитаи тафтишотии Русия, мақомоти прокуратура ё суд муроҷиат намуда, шикоят кунед. Барои пардохт накардани музди меҳнат корфармо, яъне роҳбари корхона тибқи моддаи 145.1 Кодекси ҷиноятии ФР ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, музди меҳнати пардохтнашударо рӯёнида медиҳанд, агар шумо дар асоси шартномаи меҳнатӣ кор кунед. Муҳоҷир дар асоси қарордоди даҳонӣ бо корфармо кор карда бошад, рӯёнидани музди меҳнат хеле душвор мегардад, вале ба ҳар ҳол имконпазир аст, агар дар ҳақиқат кор кардани худро исбот созад. Барои ин ба суд ё мақомоти тафтишотӣ далелҳои мушаххас пешниҳод кардан лозим аст. Сабти ҳаррӯза дар дафтари махсус, ки вақти даромаду баромади коргарон ба корхона дарҷ карда мешавад, ҳамчунин аксҳои дар рафти иҷрои кор гирифташуда, мукотибаи корӣ (рабочая переписка) бо роҳбарияти корхона ва кормандони дигари масъули коргоҳ, ҳамчунин чек ва квитансияҳои бор ё маҳсулот (агар шумо дар корхонаи тиҷоратӣ ба сифати фурӯшанда ва ё доставшик, яъне тақсимкунандаи бор кор карда бошед) барои исбот кардани он ки дар ҳақиқат дар ин корхона фаъолият доштед, далел шуда метавонанд, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки чунин далелҳоро ҳарчӣ бештар ҷамъоварӣ намоед.
Муҳоҷирони меҳнатие, ки бо сабабҳои гуногун музди меҳнати худро аз корфармо ситонида натавонистаанд, ба ташкилотҳои зерин муроҷиат карда метавонанд:
Инспексияи федералии меҳнат “Роструд”
Телефон: 8 800 707 8841-рақами ягона барои тамоми минтақаҳо.
Инспексияи давлатии меҳнат дар шаҳри Москва:
Суроға: ш. Москва, кӯчаи Домодедовская, хонаи 24, корпуси 3. Метро Домодедвская (850м) Орехово (1км 150 м) ва Зябликово (2км 400м).
Телефонҳо: 8 (495) 343-91-90 —хадамоти маълумотдиҳӣ (справочная служба) ва факс: 8 (495) 343-96-06
Почтаи электронӣ: Email: [email protected]
Сайт: www.git77.rostrud.ru
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Россия:
Тел:+7(495) 9679844 аз 9.00 то 18.00
ш. Москва. тел: +7(926) 462-62-01, +7 (903) 597-12-13
ш. Санкт-Петербург. тел: +7( 964) 373-75-01
ш. Новосибиркс. тел: +7 (965) 358-61-61
ш. Уфа. тел: +7 (915) 488-32-23
ш. Хабаровск, тел: +7(909) 809-55-48
Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Суроға: 123001, ш. Москва, гузаргоҳи Гранатный, 13
Тел: 8(495) 690-41-86
Web: www.tajembassy.ru