Қабул дорем ё не, аммо дигар баҳснопазир аст, ки рэп ҳамчун як навъи санъат дар кишвари мо ҳаводорони хеле зиёд дорад. Дигар наметавонем бигӯем, ки рэпро танҳо ҷавонон гӯш мекунанд, зеро ҳоло шунавандаҳои он синну соли гуногун доранд.
Албатта, нақши собиқадорони ин навъи санъат дар кишвари мо хеле бузург аст, вале набояд фаромӯш кард, ки намояндагони насли нави рэп ҳам барои шиносонидани ин жанр ва ба мардум наздик карданаш нақши калон доранд. Бо шарофати шабакаҳои иҷтимоӣ ва тарзу услуби ғайриодии рэпсароёни ҷавон ҳаводорони рэп зиёд шуданд ва ҳоло толорҳои консертӣ пур аз мухлиси рэп мешаванд.
Басстер аз ҷумлаи рэпсароёни ҷавон ва ҳамзамон сермухлиси тоҷик аст, ки дар муддати хеле кӯтоҳ тавонист садҳо ҳазор шунаванда пайдо карда, маҳбуби дилҳо гардад. Ҳоло Басстерро дар Инстаграм наздики 230 ҳазор нафар пайгирӣ карда, дар Ютуб зиёда аз 170 ҳазор обуначӣ дорад.
Ӯро асосан, шунавандаҳои рэп бо рэпҳои “Соҳил”, “Нара-нара”, “Афсона”, “Девона”, “Пароканда”, “Ҷодугар”, “Салони BMW” ғайраҳо мешиносанд. Рэпҳои мазкурро дар шакабаҳои иҷтимоӣ миллионҳо маротиба гӯш кардаанд ва Басстер яке аз рэпсароёнест, ки дилхоҳ рэпашро аз миллион нафар зиёд гӯш мекунанд. Ин нишондод барои рэпи тоҷикӣ ва як рэпсарои ҷавони Тоҷикистон хеле зиёд аст. Яъне, Басстер ба маънои том ҳоло машҳур ва маъруф аст.
Акнун, мегӯем, ки пеш аз машҳур шудан ӯ чӣ гуна буд ва ба чӣ корҳо машғул мешуд.
Соли 2018 роҳбари рэпсароёни кишварамон Додихудо Абдураҳимов барои дастгирии рэпсароёни навроҳ ва роҳнамо доштани онҳо лоиҳаи “Садои кӯча”-ро роҳандозӣ кард, ки асосан ба лоиҳаи “Голос”-и ТНТ монанд буд. Яъне, ду рэпсарои таҷрибадор ҳунарнамоии рэпсароёни ҷавонро баҳо дода, дар гурӯҳи худ мегиранд ва роҳнамои онҳо мешаванд. Ҳамон вақт, ки Басстер хонандаи мактаб буд, дар ин лоиҳа иштирок карда, бо роҳнамоии рэпсарои шинохта, шодравон Styopa ғолиби лоиҳаи мазкур гардид. Аз ҳамон вақт, дигар номи Басстер гирди замонҳо гардид. Аммо маъруфияти зиёдтарро ба Басстер “баттл”-ҳояш оварданд. Ӯ аз ҷумлаи “баттлерон”-е маҳсуб меёбад, ки хеле муҳорибаҳои ҷолиб ва ғайриодӣ дорад. Яъне, Басстер пеш аз машҳур шудан танҳо хонандаи мактаб буд.
Ҳоло бошад, Басстер ба хондани рэпҳои сурудмонанд машғул аст ва агарчи мисли солҳои пеш фаъол набошад ҳам, бо рэпҳои наваш ҳаводорони ҳунарашро шод мекунад.