Formula novemver 2024
Баҳс дар оила хуб аст ё не?
849

Равоншиносон тавсия медиҳанд, ки амалҳои зеринро ҳар зани шавҳардор бояд иҷро намояд. Авалан, ин амал дили мардро нарм ва ба зиндагӣ дилгарм менамояд. Сониян, хона ҳавои хушбахтӣ мегирад, агар бузурги хона, яъне марди хонадон хушбахт бошад.

Ҳамсар ҳама вақт бояд меҳрубон ва самимӣ бошад. Ин самимият ҳам марду ҳам кӯдаконро ҳалим менамояд. Ҳарчанд, на ҳама вақт мардҳо қадри инро медонанду ба ивазаш раҳмат мегӯянд, аммо новобаста ба ин меҳрубонӣ намудан нигини хислати ҳар зан аст. Онро ҷилва додан лозим аст.

Марди бономус баъди оила барпо намудан бояд вазифаҳои худро дар назди хонаводааш ҳис кунад. Ӯ барои беҳбудии оилааш ҳама вақт ҷавобгар аст. Аммо, зани доно хуб медонад, ки хонаро чӣ хел идора намояд, то вазни китфони падари хонадон сабуктар шавад. Ин мардро ба он водор менамояд, ки доимо ба кӯмаки шумо муҳтоҷ ва умедвор бошад. Ҳамбастагии миёни зану мард дар ин миён зиёд мешавад.

Дар ҳамаи кор новобаста аз муҳимияташ мардатонро таҳсину офарин хонед. Ин ба ӯ пару бол медиҳад. Масалан, агар мард кори хуберо анҷом диҳад, ки боиси ободии хонадон шавад ва ӯ бе ин ҳам медонад, ки ин амал хуб аст, вале шунидани он аз забони ҳамсар лаззати дигар дорад.

Ҳамаи корҳоеро, ки ҳамсаратон мекунад, дар ҷавоб аз шумо ҳамонро интизор мешавад, чӣ дар хона, чӣ дар тарбияи кудак ва чӣ дар ҷойгаҳ. Ишқи яктарафа дилгиркунанда аст. Кӯшиш кунед дар бораи коре бо ҳам тафоҳум дошта бошед. Ин амал зиндагиро дар назари ҳардуятон ширин мегардонад.

Зиндагӣ бе камбудӣ намешавад. Ҳатман баҳсу мунозираҳо дар он пайдо мешавад, вале баҳсу мунозираҳо набояд ба шахсияти якдигар расад. Аз ҷониби дигар, ҳамин мунозираҳо барои ҳалли ягон масъала кӯмак мекунад.

Равоншиносон мегӯянд, ки барои бо ҳам одат кардану тафоҳум доштан баҳс муҳим аст. Вале ҷойи дигар гуфта мешавад, ки:

Андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД