Дирӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт доир гардид.
Вакилон дар ҷаласа амалишавии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»-ро муҳокима намуданд.
Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе, дар ин робита ба масъулин супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, баҳри таъмини босифат ва саривақтии «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2023-2028 дар шаҳри Душанбе, беҳтар намудани хизматрасонии ширкатҳои кироякаши таксӣ, пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаронидани паркҳои нақлиётии ширкатҳо, бунёд намудани нуқтаҳои барқгирӣ ва дигар масъалаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Вакилон дар идома, масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу дар шаҳри Душанберо баррасӣ намудаанд.
Раиси шаҳр дастур додааст, ки ҷиҳати сари вақт омода намудани шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистон, дар ҳолати зарурӣ ва бо риояи технологияи муайяншуда нигоҳдорӣ намудани роҳҳои автомобилгарди пойтахт, омодасозии муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо вобаста ба захиракунии маводу ашё, қисмҳои эҳтиётӣ ва сӯзишворӣ барои техникаю механизмҳо, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии босифат, барқ ва энергияи гармӣ ва таъмини бехатарии зиддисӯхтор тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати омода намудани системаи энергетикии пойтахт барои хунукиҳои аз меъёр зиёд, кам намудани талафоти техникии нерӯи барқ ва пешгирии ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он корҳоро ҷоннок намоянд.
Инчунин, супориш шудааст, ки баҳри фаровонии бозорҳои пойтахт ва бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонидани маҳсулотҳо, захира намудани маҳсулотҳои ниёзи аввалия корбариро бо ҳама сохторҳо ва хоҷагиҳои дигар шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшанд.