Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Машҳад Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзии Хуросони Разавӣ Муҳаммадризо Тавакуллизода мулоқот намудааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сармоягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ диққати махсус зоҳир кардаанд. Ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур дониста шудааст.
Ҳамчунин дар рафти сафар роҳбари намояндагии дипломатӣ бо роҳбарияти Утоқи муштараки Тоҷикистону Эрон ва аъзои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар вохӯрӣ анҷом додааст, ки дар он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиётӣ баррасӣ гардидаанд.
Дар фарҷоми суҳбат Н. Зоҳидӣ роҳбарияти утоқи бозаргонӣ ва доираҳои соҳибкории устони Хуросони Разавиро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон, ки 24-26-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, даъват намудааст.