Formula novemver 2024
Баррасии масъалаи оғози парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе - Лондон
15.08.2024
ОИЛА.ТҶ
236

Дар шаҳри Лондон байни намояндагони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот баргузор шудааст.

Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода, директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Маликзода бо Менеҷери калони Фурудгоҳи «Heathrow» оид ба шабакаҳои ҳавопаймоӣ Бен Хоскинс зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақимро дар хатсайри Душанбе - Лондон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми июл зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки барои ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Душанбе ва Лондон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, парвозҳоро дар масири Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон - «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД