formula feb 2025
Баррасии ду масъалаи муҳим дар Вазорати тандурустӣ
27.02.2025
Oila.tj
580

Дар як ҷаласа ду масъала - “Вазъи кумак ва хизматрасонӣ ба беморони руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили ҳолатҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ” ва “Вазъи таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии кишвар, доир ба мавзӯи якуми ҷаласа, яъне “Вазъи кумак ва хизматрасонӣ ба беморони руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таҳлили ҳолатҳои худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ” сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои равонӣ Қунғуротов Х. Қ. баромад кардааст.

Тавре зикр гардидааст, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва табобати беморон, аз ҷумла беморони руҳӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Доир ба мавзӯи дуюми ҷаласа директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” С. Ҷураев баромад кардааст.

Гуфта шудааст, ки КВД “Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ” аз моҳи марти соли 2024 то ин ҷониб бо 129 муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои хизматрасонии профлактикӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ шартнома ба имзо расонидааст.

- Дар давоми соли 2024 дар 72 муассисаҳои соҳавӣ корҳои таъмир ва профлактикӣ гузаронида шуда, ҳамзамон қисмҳои эҳтиётӣ ва маводҳои масрафшаванда харидорӣ ва дастрас гардидаанд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД