Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (Мадрид, Испания) Шараф Шерализода ба Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили эътимоднома супоридааст.
Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои дарёфти кумаки техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар сoҳаи сайёҳӣ ва гузаронидани форумҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ёдовар мешавем, ки Шараф Шерализода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Испания ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева мебошад.