Пагоҳ, 30-юми апрел дар шаҳри Саняи Чин 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё ба анҷом мерасад. Ин чорабинии бузурги варзишӣ намояндагони 45 кишвари қитъаро иборат аз 2 000 варзишгар ба ҳам овард.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 варзишгар - Салим Саидалиев, Фирӯза Қосимбоева, Ҳасан Боймуродов, Алиҷон Бобомуродов, Маҳмудҷон Назризода, Комил Боймуродов, Рамшед Абдуллоев, Алиризо Баҳромов, Ҳақназар Назаров ва Дадахон Қурбоналиев намояндагӣ карданд ва бидуни медал мусобиқаро ба анҷом расониданд.
Дирӯз дар мусобиқаҳои гӯштини соҳилӣ Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ карданд, аммо баромади онҳо бенатиҷа ҷамъбаст шуд.
Дар вазни то 80 кг Алиризо Баҳромов дар марҳилаи гурӯҳӣ бар намояндаи Яман пирӯз шуда, дар идома аз рақибон аз Эрон ва Қирғизистон мағлуб гардида, аз идомаи мусобиқаҳо маҳрум шуд.
Дар вазни то 90 кг Ҳақназар Назаров баромади фаъол дошт. Ӯ дар марҳилаи гурӯҳӣ бар рақибон аз Ҷопон, Сурия ва Урдун ғалаба карда, танҳо аз варзишгари Чин мағлуб гардид. Бо вуҷуди ин, дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Муғулистон шикаст хӯрда, мусобиқаро бидуни медал анҷом дод.
Дар вазни зиёда аз 90 кг Дадахон Қурбоналиев рақобатро бо пирӯзӣ бар варзишгари Филиппин оғоз кард, вале дар идома аз намояндагони Чин ва Ҳиндустон мағлуб шуда, аз гурӯҳ баромада натавонист.
Ҳамин тариқ, баромади гӯштингирони тоҷик дар ин мусобиқа бидуни дастовард анҷом ёфт. Қаблан низ намояндагони Тоҷикистон дар риштаҳои ҷиу-ҷитсу ва варзиши сабук натавониста буданд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.
Қобили зикр аст, ки Бозиҳои соҳилии Осиё таърихи ҷолиб доранд. Ин мусобиқа бори охир соли 2016 дар Ветнам баргузор шуда буд. Пеш аз он шаҳрҳои Бали (2008), Масқат (2010), Ҳайан (2012) ва Пхукет (2014) мизбони ин мусобиқаи муҳим буданд.
Дар таърихи иштироки Тоҷикистон дар Бозиҳои соҳилии Осиё варзишгарони кишвар ба гирифтани 5 медал - 1 тило ва 4 биринҷӣ мушарраф шудаанд. Медали ягонаи тилоро Муҳаммадмурод Абдураҳмонов соли 2014 дар Пхукет дар риштаи кураш (+90 кг) ба даст оварда буд. Ҳамчунин, Саидҷалол Саидов (кураш, -90 кг) ва Ҷомӣ Латифов (муайтай, -71 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ гардидаанд. Ду медали биринҷии дигарро варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Масқат ба даст оварда буданд.
Ҳоло аз ҳисоби маҷмӯи медалҳо Чин бо ҷамъи 43 медал - 21 тило, 14 нуқра ва 8 биринҷӣ пешсафи 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё аст. Тайланд бо 22 медал (9 тило, 8 нуқра, 5 биринҷӣ) дар зинаи дуюм ва Филиппин бо 8 медал (3 тило, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) дар мавқеи сеюм аст.
Ёдовар мешавем, ки аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мусобиқа Қазоқистон соҳиби 1 медали тило, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ва Ӯзбекистон соҳиби 1 медали тило шудааст.