Тӯли шаш моҳи соли равон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар 79 870 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 62399 нафарашон ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 33 802 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.
Дар ин бора вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод. Дар идомаи суҳбат вазир гуфт, ки 41 205 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта бо ҷойҳои кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуда, ҳамзамон 9179 нафар барои омӯхтани касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат серталабот ба марказҳои таълимӣ фиристода шудаанд.
Соли равон ба 9550 нафар барои давраи бекорӣ кумакпулӣ таъин карда шудааст.