Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз роҳандозии маркази ягонаи тамос дар Хадамоти консулӣ хабар дод.
Тибқи иттилои сафорат, марказ аз 4-уми сентябри соли 2026 ба фаъолият оғоз кардааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои гирифтани маълумот ва машварат оид ба масъалаҳои консулӣ бо рақами +7 (495) 916-99-99 тамос гиранд. Ҳангоми занг задан муроҷиаткунанда метавонад забони тоҷикӣ ё русӣ ва навъи хизматрасонии консулии мавриди назарро интихоб кунад. Баъд аз интихоби хизматрасонӣ, занг ба таври худкор ба корманди масъул равона мешавад.
Ин марказ барои осон кардани дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба машваратҳои консулӣ дар Русия таъсис дода шудааст.