Салом! Ман беш аз 10 сол аст, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меоям. Ду сол пеш бо садҳо такудав шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст овардам. Душаҳрвандӣ дорам, вале айни замон бо аҳли оилаам дар Тоҷикистон зиндагӣ карда истодаам. Мехоҳам ба Русия баргардам, зеро дар он ҷо кори хуб ва сердаромад дорам, аммо метарсам, ки маро ба хизмати ҳарбӣ мебаранд. Донистан мехоҳам, ки агар аз рафтан ба хизмат саркашӣ кунам, маро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда метавонанд ё не?
ДИЛШОД, аз н. Рӯдакӣ
Посух:
- Тавре Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Телеграми худ хабар додааст, дар соли 2024 ҳудуди 1684 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст оварда буданд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шудаанд. Асос барои маҳрум намудан аз шаҳрвандии Русия, ба гуфтаи Волк, содир намудани ягон ҷиноят, ё амалҳои зиддиҳуқуқӣ мебошад, вале...
Дар идомаи суҳбат намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк гуфтааст, ки сабабҳои асосии маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия кӯшиши омодагӣ ба ҷиноят, содир намудани ҷиноят, хавфнок будани мондани шахс дар қаламрави Русия барои бехатарии давлату шаҳрвандон, саркашӣ аз гузоштан дар қайди комиссариати ҳарбӣ ва саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ мебошад. Тартиб додани ҳуҷҷатҳои сохта низ барои маҳрум кардани шахс аз шаҳрвандии Федератсияи Русия асос шуда метавонад.
Хулоса, дар сурати саркашӣ кардан аз хизмати ҳарбӣ шуморо аз шаҳрвандии Федератсияи Русия маҳрум карда метавонанд. Дар ин ҳолат, шумо на ҳамчун шаҳрванди Федератсияи Русия, балки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар ин кишвар зиндагӣ хоҳед кард (ба шарте ихроҷ, яъне депортатсия карда нашавед) ва ба тамоми қонунҳои муҳоҷиратии ин кишвар бояд итоат намоед.