Sebiston new 2024 october
Барои рушди истеъдоди наврасон чи бояд кард?
1148


Салом! Мо ба наздикӣ аз як ноҳияи дурдасти кӯҳӣ ба шаҳри Душанбе кӯчидем. Писари калониам овози хуб дорад ва навохтани асбобҳои мусиқиро ёд гирфтан мехоҳад, духтари дуюмам бошад, бештар ба забономӯзӣ шавқ дорад, писарчаи хурдиам математикаро хуб мефаҳмад.

Мо оилаи сарватманд нестем ва имконияти пули калон дода, барои дарси иловагӣ омӯзгор киро карданро надорем. Дар шаҳри Душанбе ягон ҷое ҳаст, ки ба таври ройгон ё бо нархи нисбатан арзонтар кӯдакону наврасон забон омӯзанд ва истеъдодашонро такмил диҳанд?

Савригул, сокини шаҳри Душанбе

Посух

Хоҳари азиз! Ба таваҷҷуҳи шумо ва тамоми падару модароне, ки мехоҳанд дар рушди ҳунару маҳорат ва истеъдоди фарзандонашон кӯмак кунанд, мерасонем, ки дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” амал менамояд. Муассисаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳо низ бахшҳои худро дорад. Дар ин марказ барои таҳсил ва сайқал додани маҳорати хонандагон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Синфхонаҳо барои на зиёда аз 12 нафар пешбинӣ шуда, бо асбобу ашёи зарурии хониш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.Барои хонандагоне, ки ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода карда мешаванд, машғулиятҳо ба таври ройгон сурат гирифта, хароҷотҳои ҷои зист, хӯрока, роҳкиро ба давлатҳои дигар барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳоказо аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ пардохт карда мешавад. Хоҳишмандон метавонанд тариқи шартнома низ дар ин марказ таҳсил намуда, дониш ва истеъдоди худро рушду такомул диҳанд. Муҳлати таҳсил бе маҳдудият буда, кор бо хонандагон дар тӯли тамоми соли тақвимӣ ба роҳ монда шудааст.
Мақсад аз ташкили чунин марказҳо дарёфти наврасону ҷавонони болаёқат ва рушду такомул додани истеъдоди онҳо мебошад, зеро кӯдакону наврасони боистеъдод Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари ояндаи дурахшон дошта муаррифӣ менамоянд.
Ба шумо ва дигар волидоне, ки мехоҳанд фарзандонашон дониш ва истеъдодашонро такмил диҳанд, маслиҳат медиҳем, ки ба ин марказ муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД