1xbet
Барои риоя накардани қонуни танзим беш аз 5 миллион сомонӣ ҷарима ситонида шудааст
118

Дар шаш моҳи соли равон барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" нисбати 630 нафар шаҳрвандон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби судҳо баррасӣ шудааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Суди Олии Тоҷикистон хабар дода шуд. Зикр гардид, ки аз рӯйи ин парвандаҳо аз 615 нафар ба маблағи умумии 5 155 996 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, дар ин давра ҳамчунин барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 7090 парвандаҳои маъмурӣ дар судҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбати 5672 нафар ҷарима ба маблағи 4 222 771 сомонӣ таъин карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД