Arzon march 2024
Барои пешгирии наздикбинӣ бояд кард?
697


Машқ барои давои наздикбинӣ (близорукость)
Таҳсил дар мактаб чашмони кӯдаконро зиёд хаста мекунад, илова бар ин бачаҳои нозуки шаҳрӣ бештар дар хонаанд ва фақат ашёҳои дар наздик гузошташударо мебинанду муддати зиёд назди телевизору компютер мешинанд.

Албатта ҳамаи ин боиси рӯз то рӯз зиёд шудани сафи гирифторони наздикбинӣ мегардад. Оё метавон биноии кӯдакро ҳифз намуд?
Гулнисо, сокини шаҳри Душанбе

Посух

Албатта метавон, ба шарте, ки ҳар рӯз мушакҳои босираи фарзандатонро машқ диҳед. Ин машқро беҳтараш бегоҳиҳо, вақте ки вазифаи хонагии талаба аллакай иҷро шудааст, анҷом диҳед.

Машқи «Нишон дар шиша»

Аз варақи дафтар як хоначаашро бурида гиреду дар даруни хонача бо ручкаи сиёҳ ҳарфи «с» нависед. Ин навиштаро дар тиреза дар баландии баробари чашми кӯдак часпонед. Ба кӯдакатон фармоед, ки аз ин нишон 30 см дуртар рафта, сипас бо ҳарду чашм як ба нишон ва як ба беруни тиреза, ба дурӣ, ба ягон ашё чашм дӯзад. Ҳамин, ки фаҳмид он чиз чӣ аст, нигоҳашонро дигар сӯ баред. Ин машқро аввал ду дақиқа анҷом дода, сипас ҳар дафъа як дақиқагии дигар илова намоед ва то 7 дақиқа расонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД