formula feb 2025
Барои пешгирии гум шудани кӯдакону наврасон чи бояд кард?
16.04.2025
Оила
250

Дар 2 ҳафта 7 нафар ноболиғон

дар Душанбе гум шуданд

Барои пешгирии гум шудани

кӯдакону наврасон чи бояд кард?

Якбора бе ному нишон ғайб зудани фарзандашон барои падару модар сахттарин зарба дар зиндагӣ буда, то пайдо шудани ҷигарбандашон волидон ба қавле сад бор мурда аз нав зинда мешаванд. Танҳо дар ду ҳафтаи моҳи апрел дар шаҳри Душанбе 7 нафар ноболиғон гум шуданд. Албатта аксари кӯдакони гумшуда аз ҷониби кормандони милитсия пайдо карда шуданд, вале саволи муҳим ин аст, ки вақте кӯдак ё наврас гум мешавад, волидон дар навбати аввал бояд чи кор кунанд?

 

Сироҷиддин Шакурӣ, котиби матбуотии Раёсати ВКД дар Душанбе дар ин бора ба волидон чанд тавсияи муҳим додааст:

  1. Пеш аз ҳама хонаи худ, хешу табор ва шиносҳоятонро нағзакак кобед, зеро кӯдакон метавонанд бе огоҳӣ ба ягон ҷо меҳмонӣ раванд ё дар кӯча бо дӯстонашон бо суҳбату бозӣ машғул шуда, чи тавр гузаштани вақтро нафаҳмида монанд.
  2. Дар сурати ягон натиҷа надодани кофтукоби манзили худ ва хешу табор ба шӯъбаи наздиктарини милитсия муроҷиат намоед. Милисаи минтақавӣ дошта бошед, ба ӯ муроҷиат кардан лозим аст.
  3. Ба фарзандатон фаҳмонед, ки бо одамони бегона дар кӯча гап задан, аз дасти одами бегона чизе гирифтан ё бо шахси ношинос ба ягон ҷо рафтан қатъиян мумкин нест.
  4. Ба фарзандатон фаҳмонед, ки дар ҳолати ҳис кардани ягон хавфу хатар бояд ба куҷо муроҷиат намояд.
  5. Хати сафари ҳаррӯзаи фарзандатонро омӯзед. Кӯдакашон ба куҷоҳо меравад ва бо киҳо рафту омад дорад, бояд падару модар нағз донанд.
  6. Ҳангоми ба мактаб рафтан аз нуқтаҳои бехатари роҳ гузаштанро ба кӯдакон ва наврасон ёд диҳед.
  7. Барои назорат намудани бехатарии фарзандонатон аз технологияҳои навин- GPS истифода баред ва калима-кодеро фикр карда бароед, ки дар ҳолатҳои хатартнок бо он дар чи вазъият буданашро кӯдак ба шумо фаҳмонда тавонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД