Дар айёми ҷавонӣ гуноҳи бисёр кардам ва ҳозир пушаймон шудаам, аз мурдан ва дар пешгоҳи Худо ҷавоб гуфтан метарсам. Чӣ кор кунам, ки Аллоҳ маро бубахшад?
С. Айюбҷонов, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, ноумед набошед ва даргоҳи Худо ҳамеша барои тавба кардан кушода аст ва Худованд тавбапазиру меҳрубон аст, агар бандаи гунаҳгор аз самими қалб ва холисона ба сӯи Ӯ бозгардад, албатта тавбаи ӯро мепазирад ва гуноҳонашро мебахшад.