Салом! Шавҳарам чанд сол боз дар Русия кор мекунад. Мехоҳам ман ҳам ба назди шавҳарам равам ва якҷоя кор карда пули хона ҷамъ кунем, вале касе нигоҳубини фарзандонамро бар дӯш намегирад. Духтарамро баъд аз синфи 9 бо худ ба Русия барам, маро ба ҷавобгарӣ мекашанд?
Адолат аз шаҳри Кӯлоб
Посухи адвокат
Дар ин ҳолат, агар духтаратон дар Русия таҳсилашро дар мактаб давом диҳад ва оиди ин ҳуҷҷат пешниҳод карда тавонед, шуморо ба ҷавобгарӣ намекашанд, вале дар ҳолати монеъи таҳсили фарзандатон гаштан тибқи талаботи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мешавед.