Роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои варзишгарони кишвар, ки дар Бозиҳои Осиё-2026 медали тило ба даст меоранд, 150 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ муқаррар кардааст.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барои медали нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва барои нишони биринҷӣ 80 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ пешбинӣ шудааст.
Ин маблағҳо ҳамчун ҳавасмандгардонӣ барои дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё пардохт хоҳанд шуд.