Давоми шаш моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 988 нафар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ дод.
Воҳидзода гуфт, ки барои дуздии неруи барқ дар ин давра нисбати 175 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 3 ҳазору 813 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.
Ба иттилои Додситони кулл бо кумаки мақомот 273 миллион сомонӣ қарзи истифодаи неруи барқ рӯёнида шудааст.
Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода аз ошкор шудани ҳолатҳои зиёди дуздии барқ, талафоти беҳуда, тасарруфи таҷҳизот, ивазкунии беасоси ҳисобкунакҳои барқӣ, қарздории муштариён ва порагирӣ гуфта, таъкид намуд, ки мақомоти прокуратура минбаъд низ ба муқобили чунин ҷиноятҳо фаъолона мубориза мебарад.