Formula novemver 2024
"БАРОИ ИН КОФИР ДАР ҚАБРИСТОНИ МУСУЛМОНОН ҶОЙ НЕСТ" (ҚИСМИ 2)
2895

(ИДОМААШ)

-Писарам! Килои помидорат чанд сомонӣ?

-Даҳ сомонӣ, - аз бӯю тафи кампир рӯй турш карда, бо дили нохоҳам ҷавоб гардонд Суннат.

-Қимат, - рӯй гардонд харидор, - ниҳоят гарон, - ва кампир ба сӯи дари баромад тоб хӯрда, чанд қадам гузошт.

Овоз ба Суннат шинос намуд. Садои навозишомези кампир хотираи ӯро ба хурӯш овард. Охир, ин нидои меҳрбор ба Зина тааллуқ дошт. Вале Суннат ҳеҷ боварӣ надошт, ки табиби меҳрубонашро дар ин ҳол мебинад. Шубҳаю гумонро ба як сӯ гузошта, пеши роҳи харидорро гирифт, то ки ба ҳақиқат будани тахминаш боварӣ пайдо кунад.

-Истед, холаҷон. Ба чанд сӯме, ки розӣ бошед, ба ҳамон сум помидор медиҳам.

-Ман пул надорам, - кампир нигоҳи чашмони ғамдорашро ба замин дӯхт.

Суннат табибро шинохт. Дар рӯ ба рӯяш Зина меистод. Вале бо либосҳои чиркину дарида ва рӯйи варамидаю чашмони маҳзун.

-Шумо магар Зина-хола намебошед? - ва шитобон илова кард. - Ҳамсари Кенҷа. Деҳаи Зағорак.

-Бале, ман Зина мебошам, - чеҳраи ғамбори зан қадре кушода шуд. -Вале шумо маро аз куҷо мешиносед?

-Охир, ман Суннат, - хурсандона худро муаррифӣ кард ҷавонмард. -Ҳамоне ки шумо маро аз марг наҷот додед. Аз пушти поям заҳри морро кашида баровардед.

-Ҳа-а! - тасдиқ кард зан. -Ба хотир овардам. Бале, ман Зина мебошам.

-Вале дар ин сурату дар ин ҳол,-Суннат бо даст ба сару либоси даридаву ифлоси зан ишора кард.

- Саргузашти ман басе талху ғамангез аст,-дар чашмони Зина ашк чарх зад.

-Ҳеҷ гап не, модарҷон, - Суннат аз дасти табиб гирифта, ба ошхона даровард. -Сари як пиёла чой қиссаи шуморо гӯш мекунам ва баъд ба як қарор меоем. Ман бояд қавли додаамро иҷро кунам.

-Баъди марги фоҷиабори Кенҷа ба пойтахт омадам,-пас аз сукути вазнину доманадор Зина ба гап даромад. - Ба бунгоҳи тиббӣ ба кор даромадам. Бо гузашти муддате маъмурияти корхона дар маҳаллаи Чашмасор манзили истиқоматӣ дод. Ба хотири ишқи поки Кенҷа дигар ба шавҳар набаромадам. Ҳарчанд буданд ҷавонмардони талабгору хоҳишманд. Дар ҷумҳурӣ ҳодисаҳои маълум ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ҳамкавмҳои ман ба ватани худ кӯч бастанд. Ман ҷойи рафт, хешу табор ва шиноси наздик надоштам. Дар хонаи бачагон тарбия ёфта будам. Маро Кенҷа аз омӯзишгоҳи тиббӣ гирифта, ба Тоҷикистон оварда буд. Мавҷи гурезаҳо пойтахтро зер кард. Аз рӯйи раҳмдилӣ оилаи муҳоҷиреро аз водии Вахш дар хонаам ҷой додам. Ин қаллобон бо роҳи макру фиреб ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиро ба даст дароварда, хонаро ҳамчун моликияти хусусӣ ба номи худ сабт карданд. Даву този ман ба идораҳои қудратӣ ҳеҷ натиҷа надод. Он, разилон, маро аз ҳавлиам бароварда пеш карданд. Чанд муддат зери арчаи азими назди даромадгоҳи идораи бонуфузе зиндагӣ кардам. Роҳбари сангдили ин корхона ба милиса занг зад ва онҳо маро ба мошин бор карда, ба соҳили дарёи Варзоб оварда партофтанд. Ҳоло ман дар зери купруки дарё зиндагӣ дорам. Акнун намедонам сарамро ба куҷо занам.

-Ман медонам,-Суннат ашки чашмонашро нигоҳ дошта натавониста, аз ҷой хест. - Ман шуморо ба деҳа мебарам.

Баргаштани келини урусӣ оташи хашму ғазаби мулло Назарқулро аз нав аланга дод. Ва ӯ боз шабҳо дар хаёлаш ҳар гуна нақшаи аз деҳа рондани ӯро мекашид.

Азобу машаққат ва ба хорию зорӣ ҳаёт ба сар бурданаш ба саломатии Зина таъсир расонд. Пас аз се моҳ ба бистари беморӣ афтид. Суннат аз сари болинаш дур намерафт.

Садои кушодани дарро шунида, Суннат холаи Чолакро дид, ки дар даст чалак ба ҳавлӣ даромад.

-Биёед, холаҷон, биёед. Хуш омадед. Ба фикрам аз нотоб шудани табиб бохабар шуда, ба аёдаташ шитофтед.

-Не, писарам, - кампир чалакро ба дасти Суннат супурд. -Аз кӯча мегузаштам. Ба пешвозам мулло Назарқул баромад. Ӯ илтимос кард, ки ҳамин хӯрокро ба келини урусӣ барам. Ана, барои чӣ ман дар ин ҷо.

-Мулло Назарқул?! - ҳайрон савол дод Суннат. - Охир, ӯ ҳеҷ гоҳ ба беморон хӯроки гарм намефиристод - ку.

-Куфу сӯф ҳам карда будааст, - холаи Чолак ба лаби кат яктарафа нишаст. - Ҷину париҳоро кӯрхат кардам гуфт.

-Канӣ, як санҷида бинам, -Суннат шӯрбои чалакро ба косаи саг рехт. - Калта хӯрда, каромоти муллоро тасдиқ мекунонад.

-Э -э, бачам ин чӣ кори кардагиат буд. - холаи Чолак аз ҷояш нимхез шуд. - О, наход одам насибаи беморро ба саг диҳад.

-Холаҷон, аз шумо як илтимос, - Суннат кампирро баргашта ба ҷояш шинонд. - Чӣ ҳодисае нашавад, ба ҳеҷ кас даҳон намекушоед.

-Бачам, ба фикрам воҳима мекунед, - холаи Чолак ба тарафи саг рӯй гардонд. -Наход муллои боэҳтироми деҳа ягон нияти бад дошта бошад. Баъд худро дошта натавониста, боз аз ҷояш хеста, нидо сар дод. -И-и, Суннатҷоне, ҳайвон мурд. -Пас, ин бадзот, чӣ мақсаде доштааст? Ҳа, фаҳмидам. Охир, ин духтури мушфиқ нони ӯро нимта кард. Тамоми маризон ба назди ин табиби шифобахш меомаданд. Албатта ӯ ба чунин муносибати сокинони маҳалла муросо карда наметавонист. Ин касофати ғармиҷоз махсусан муроҷиати занҳои беморро меписандид. Аз кирдорҳои фосиқонаи ин қадмундуқ зиндагии чанд хонавода вайрон шуд.  

-Холаҷон, худатон шоҳид. Ана, ҳамин аст каромоти мулло, - ва Суннат пас аз гусели меҳмон сари гуфтаҳои кампир ба андеша рафт ва беихтиёр ҳодисаи чил сол пеш рӯй додаро ба хотир овард.

Гӯсфанди бобои Нозим гум шуд ва ӯ аз подабон талаб кард, ки молашро кофта ёбад. Суннат ба қавле тамоми дашту даман, пуштаю дараро кофта, нимишабӣ аз назди пул гузашта, суроберо дид, ки бо чӣ коре машғул аст. Дар назди чашма гӯсфандро ёфта, аз хурсандӣ он ҳодисаро фаромӯш кард. Акнун ба хотир овард, ки Кенҷа бо дасти кӣ ба дарё афтида, ғарқ шуда будааст…

-Тақдир маро бо дасти ту боз ба ин деҳа, ба назди шавҳарам овард, - пеш аз маргаш Зина ба насиҳат гузашт. -Пас аз маргам маро дар паҳлуи қабри Кенҷа ба хок супоред…                 

Мардум аз пушти тобут ба қабристон наздик шуда, мулло Назарқулро дар дами дарвоза бо чеҳраи ғазаболуд диданд.

-Барои ин кофир дар қабристони мусулмонон ҷой нест. Ман намегузорам, ки хоки поки оромгоҳи аҷдодонамон бо турбати ин бе дин олуда гардад.

-Балки худат кофир ҳастӣ!-аз байни мардум Суннат пеш баромада, бо овози шунаво садо дод. -Агар ман амалҳои зишт ва поймол кардани қонуну қоидаҳои шариатро доир ба содир кардани фосиқиат якояк эълон кунам, аз эҳтимол дур нест, ки мусулмонон сангсорат кунанд. Ман ҳайронам, ки ин қадар хусумат, разолат, ҳисси бадбинӣ нисбати ин табиби мушфиқ ва инсони поквиҷдон аз куҷо дар дили сиёҳи ту макон гирифтааст. Беҳтараш аз сари роҳ дур шуда, ба маъракаи ҷанозаи ин зани поксиришт халал нарасон.

Мулло симои бадхашмонаи ҷанозагаронро дида донист, ки сокинони деҳа бо сарварии ин ҷавонмард ҳеҷ гоҳ ҷанозаи ӯро мисли ин зани «кофир» бо шукуҳу шаҳомат намегузаронанд ва ӯ даст афшонда, дилашро дошта, калавидаю пешпо хӯрда, ба сӯи деҳа рафт…                                                                                                                                                                                                                                           АНҶОМ                         

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД