Formula novemver 2024
Барои фолбинию ҷодугарӣ ҷазои ҳабс таъин шуд
414

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро пурзӯр карданд.

Минбаъд тибқи тағйирот ба моддаи 201-и Кодекси мазкур барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид. Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.

Ҳамчунин, вакилон ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро зиёд карда, дар баробари ин, ҳабси маъмуриро низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ илова намуданд. Пештар ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД