Дастрасӣ ба барқ дар кишварамон торафт маҳдуд мегардад. Барои мошинҳои барқӣ-электромобилҳо низ лимити барқ ҷорӣ гаштааст.
Ширкати тақсимоти барқ ба филиалҳои худ дастур додааст, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи истифодаи барқ қатъ карда шавад, то ки сарбории иловагӣ нагардад.
Дастури мазкур аз ҷониби раиси ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” рӯзи 27-уми ноябр ба имзо расида, дар он ишора шудааст, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳии мошинҳои барқӣ бояд аз соати 18:00 то 22:00-и шаб қатъ карда шавад.
Ронандагони мошинҳои барқӣ низ тасдиқ мекунанд, ки дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ шомгоҳон чанд соат барқ нест ва онҳоро лозим меояд соатҳо навбат бипоянд.
Маҳдудияти мазкур боиси кам шудани шумораи таксиҳо дар шаҳр гаштааст.