Formula novemver 2024
Барои ёфтани модару кӯдак кӯмак кунед
564

Шаҳрванд Қудбудинова Саида Файзулоевна, соли таваллудаш 10-уми октябри соли 1984, ки гирифтори бемории руҳӣ аст, санаи 24 октябр, соати 9-и субҳ ҳамроҳи фарзанди хурдсолаш аз хона баромада, бо ҳамин бедарак шудааст. Дар ин бора наздиконаш ба Oila.tj хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ӯ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Аҳмади Дониш 57, ҳуҷраи 5 мебошад.

Саида аз соли 1995 бемори руҳӣ буда, аз ҳамон замон таҳти назорати духтурони равоншинос қарор доррад. Ӯ ду моҳ пеш бинобар нишонаҳои одами солим аз Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонӣ дар ноҳияи Рудакӣ, маъруф ба Куктош ҷавоб дода шудааст.

Бояд гуфт, ки кӯдаки хурдсол 8 моҳ дошта, наздиконаш нигаронанд, ки Саида бинобар бемори равонӣ будан аз уҳдаи нигоҳубини ӯ набаромада, барояш зарар мерасонад.

Аз идора: Ҳар нафаре, ки онҳоро дар ҷое диданд ё дар бораашон маълумоте доранд, хоҳишмандем ба наздиктарин шуъбаи корҳои дохилӣ хабар диҳанд ё бо рақамҳои 555200002 тамос гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД