Дар толори маҷлисгоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати ҷиноятии куштори муовини якуми роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони беш аз 50 минтақаи Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора аз котиботи Шӯрои мазкур ба Oila.tj хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки яке аз ҷинояткорон, узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар куштори муовини якуми роҳбари ҶСК “Ориёнбонк” - Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович айниҳол дар қаламрави Федератсияи Россия қарор дошта, барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани ҷинояткор роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷиконро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ба таври ҳузурӣ ва онлайн бо расмҳои ҷинояткор ошно гардида, ҳамкории худро бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабар додан оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҷамъоварии дигар маълумот нисбати ҷинояткори махсусан хавфнок омодагии худро иброз доштанд.
Намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ҳар нафаре, ки вобаста ба макони буду боши ҷинояткор иттилоъ медиҳад, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.