Ман ноутбук ва ҷузвдони ҳуҷҷатҳоямро дар бағоҷи таксӣ фаромӯш кардам. Ҳарчанд ҳам шоҳидон ва ҳам камераҳои бехатарӣ тасдиқ мекунанд, ки ин ашёҳо дар бағоҷ буданд, вале ронанда ва ширкат худро ба нодонӣ зада истодаанд. Мехоҳам, ки ширкат ва ронандааш ҳуҷҷатҳоямро баргардонад. Барои ин кор ба куҷо бояд муроҷиат кунам, зеро муроҷиат ба ширкат ва ронанда, нозири минтақавӣ ва шуъбаи корҳои дохилии маҳалли ҳодиса натиҷа надоданд?
Посухи адвокат
Дар ин ҳолат метавонед дар асоси наворҳо ва шоҳидон ба прокуратура нисбати кормандони ШВКД оиди бемасулиятияшон ва ронандаи таксӣ муроҷиат кунед.