Салом! Ман чанд сол боз мисли ҳазорон нафар ҳамватанони дигар дар Русия кор мекунам, вале ду соли охир ҳеҷ баракати корамро надида истодаам. Аз як тараф санҷишу тафтишҳои пулис ва дигар мақомоти рус вақтҳои о хир хеле зиёд шудаанд, аз ҷониби дигар қурби пули русӣ торафт паст шуда, маблағе, ки мо-муҳоҷирон ба даст меорем, базӯр ба патенту иҷорапулӣ ва дигар хароҷотҳои худамон мерасад. Мехоҳам ба ягон давлати дигар коркунӣ равам. Шунидам, ки байни Тоҷикистон ва Корея созишнома ба имзо расидааст ва аз соли 2025 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд ба ин кишвар раванд. Илтимос дар ин бора каме маълумот диҳед. Барои ба Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст ва чи шартҳо дорад?
САЪДУЛЛО, муҳоҷир
Посух:
- Дар ҳақиқат санаи 30-юми октябри соли равон байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид ва шурӯъ аз соли 2025 кишвари мо метавонад ба ин давлат муҳоҷирони меҳнатии худро равон кунад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик танҳо тавассути “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Корея фиристода мешаванд. Дигар ягон ниҳод ҳаққу ҳуқуқи ба Корея фиристодани муҳоҷиронро надорад. Агентии мазкур хоҳишмандонро барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин кишвар номнавис карда, нафаронеро, ки ба талаботи ҷониби Корея ҷавобгӯ мебошанд, интихоб мекунад ва барои сафар ба Корея омода месозад.
Акнун меоем сари шартҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея.
Яке аз талаботҳои асосӣ ин донистани забони куриёӣ мебошад. Шахсоне, ки мехоҳанд ба Корея ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, бояд ҳатман забони куриёиро ақаллан дар сатҳи гуфтугӯ омӯзанд. Ёдрас мешавем, ки дар назди Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон воқеъ гаштааст, курсҳои ройгони омӯзиши забони Куриёӣ кушода шудаанд ва шумо метавонед дар ин курсҳо забони куриёиро омӯзед.
Шарти дигар ин доштани малакаи касбӣ мебошад. Рӯйхати коргаронро Вазорати меҳнат тартиб дода, ба Кореяи Ҷанубӣ мефиристад ва онҷо ҳар корфармо кормандони заруриро барои худ интихоб карда, шартнома равон мекунад.
Коргарон пеш аз сафар ба Корея дар Тоҷикистон аз санҷиши тиббӣ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки баъди расидан ба Куриё дубора муҳоҷирон аз ташхиси тиббӣ гузаронида мешаванд. Шахсони аз муоинаи тиббӣ нагузашта ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд.
Дар масъалаи чипта ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ бошад, тибқи ҳуҷҷатҳо ҳароҷотҳои сафарро худи коргарон бояд пардохт намоянд, вале маблағи он ҳанӯз аниқ муайян нашудааст.
Ба синну соли муҳоҷирон низ аҳамият хоса дода мешавад. Барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея танҳо афроди аз 18 то 39-соларо интихоб менамоянд.
Шахсоне, ки барои кор ба Корея фиристода мешаванд, бояд баъди ба итмом расидани мӯҳлати шартнома ба таври ихтиёрӣ ин кишварро тарк намоянд.
Муҳоҷир, агар ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул шавад ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод намояд, аз Корея ихроҷ, яъне депортатсия карда мешавад.
Интизор меравад, ки фиристони муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Корея аз оғози соли 2025 шурӯъ хоҳад гашт.