Formula september
Барои ҷашни зодрӯз ва тӯйи бодабдаба то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунанд?
3710

Санаи 19-уми июни соли равон Парлумони кишвар “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуд. Қонуни мазкур дар сомонаҳои расмӣ ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр шуда, алакай эътибори қонунӣ пайдо намудааст.

Сокинони кишвар бояд минбаъд тӯю маъракаҳои худро тибқи ин қонун гузаронанд. Мувофиқи қонуни нав ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон бо тартиби зерин гузаронида мешаванд:

Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар - идгардак манъ аст.

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд. Гузарондани маъракаи ақиқа манъ аст.

Маросими хатнасур дар доираи оила бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронида мешавад. Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

Тӯйи домодию арӯсӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад.

Маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд.

Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронда мешаванд.

Маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронида мешаванд. Ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи ин маъракаҳо метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.

Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳақи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ мебошанд. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешавад.

Дар баъзе нашрияҳо хабаре паҳн гаштааст, ки барои вайрон кардани қонуни танзим то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст, вале дар худи қонун мо ин нуктаро пайдо накардем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД