Formula novemver 2024
Бародарам барои хона худкушӣ карданист
11.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1196

Ассалому алейкум! Мегӯянд, ки дарди дилсӯхтаро дилсӯхта дарк мекунад. Ман ҳам бо як умед менависам, ки мисли ман дар зиндагӣ азиятдидагон бошанду маслиҳатам бидиҳанд.

Мо дар оила як хоҳару як бародарем. Хонаи дуҳуҷрагии модарам ба номи ман аст. Падарам вақти маргаш гуфт, ки “ту ба шавҳар набаромада, маро то дами марг дар бистари беморӣ нигоҳубин кардӣ, барои ҳамин ин хонаро ба номат ҳамчун туҳфа мегузаронам, вале ваъда деҳ, ки ҳеҷ гоҳ хонаро ба бародарат намедиҳӣ, ӯ мард аст, бигзор кор карда, худаш хона харад. Зани ӯ мисли каждум аст, эҳтиёт шав!”.

Инак, синни ман ба 38 даромаду ба як ҷавони камбағали хеле хуб ба шавҳар баромадам ва шавҳарамро бо хушдоманам ба хонаам овардам. Модари беморам ҳам розӣ шуд. Аммо бародарам, ки дар шаҳр иҷоранишин аст, чанд рӯз аст, ки омадаву ҷанҷол дорад. Як шаб ба сараш керосин рехта, таҳдид кард, ки худашро оташ мезанад.

Ростӣ, бародарамро сахт дӯст медораму аз ин кораш тарсидам. Аммо модарам мегӯяд, ки ин найранги навбатии зани ӯст. Барои ҳамин зиқ нашавам. Намедонам, ки чӣ кор кунам.

С. Т.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД