Arzon march 2024
БАРОДАР ХОҲАРАШРО КУШТ
8300

 

Зиёда навҳа кашида писарашро дуо мекард: «Илоҳо дигар рӯйи шуматро набинам, разил! Аз рӯзи таваллудат ту маро дар азоб монда будӣ. Туро ба дунё оварда як моҳ беҳушу ёд хоб кардам. Аз хунравии зиёд қариб мурда будам. Саломатиам каме беҳтар шуда ба по хестаму ба азоби бехобӣ гирифтор шудам. Шаб то ба саҳар хоб накарда, ҷонамро ба лабам мерасондӣ, шумқадам. Дастам то рӯз дар банди гаҳвора алла гуфта, гаҳвораатро меҷунбондам. Эҳ, агар медонистам, ки балои ҷонам мешавӣ, ҳамон вақт худам бо ана ҳамин дастонам туро буғӣ карда мекуштам…» Модари зор ҷасади гулдухтари бо дасти бародар кушташудаашро бӯсакунон мегирист.

Бача не, офати ҷони оча

Дар ҳақиқат Рустам аз хурдӣ бачаи қайсари ба гуфти кампиракон «балои ҷони оча» буд. Аз дасти ӯ на кӯдакон рӯз доштанд, на сагу гурба, ҳамаро зада хуншор мекард. Додару хоҳаронаш аз дасти ӯ ба фиғон омада буданд. Ҳамин, ки Рустам аз дар даромад, албатта фиғони хоҳару додаронаш ба фалак бархоста, ҳавлӣ орухонаро мемонд. Ҳарчанд аз падару модар шаллоқу калтак мехӯрд, гӯё ба ӯ таъсир намекарда бошад, ҳеҷ одам намешуд, ки намешуд. Ҳар рӯз аз мактаб шикоят меомад, ки писарат фалон бачаро зад, фалон чизро шикаста, фалон номаъқулӣ кард. Фарзандони дигарашон боодобу хушрафтор буданд, танҳо Рустам сари Зиёдаву шавҳарашро дар байни мардум паст мекард.

Авбоши худӣ

Бегоҳ дастурхон партофта ҳама интизор менишастанд, ки кай Рустам аз дар медарояд. Худо накарда пеш аз ӯ хӯрок хӯранд, хӯроки хурдаашонро ба бадани аҳли оила заҳр мекард ин авбош. Модар дигар қувват надошт, ки ӯро лату кӯб кунад, зеро Рустам акнун ҷавони қадбаланди дасту подарозе шуда буд, ки ба қавле куҳро занад, талқон мешуд. Ба ӯ нигоҳ карда ваҳми кас меомад. Дар деҳа касе ҷуръат намекард, ки бо ӯ сар ба сар шавад.

Аз бало ҳазар

Хоҳаронаш бо тарс ба мактаб рафта меомаданд. Худо накарда бо писари ҳамсоя ё ҳамсинфашон гапзаниашонро бинад, он шаб дар хона қиёмат қоим мешуд. Гулнисо духтари калони хона ва дар ҳама кор дастёри модар буд. Бисёр ҷавонҳо орзу мекарданд, ки ин паричеҳраи ҳунарманд насибашон гардад, вале аз тарси бародараш касе ҷуръат намекард, ки ҷониби ӯ нигоҳи харидорона афканад, зеро хурду калон хуб медонистанд, ки агар бародараш бинад, чашмони шахси ба Гулнисо нигаристаро аз косахонаи сараш кофта мебарорад.

Ишқ омаду…

Фасли баҳор буд. Замин оғӯши гармашро кушода арӯси солро бо гулу ёсуман истиқбол мегирифт. Аз хурсандӣ дарахтон бо шохаҳояшон якдигарро зада аз хоби ноз бедор мекарданду кабӯтарон дар осмони мусаффо бол афшонда мерақсиданд. Пас аз анҷоми кору бори хона Гулнисо аз модараш иҷозат гирифта, ҳамроҳи дугонаҳояш ба лаби дарё пудинаю қоқучинӣ рафт. Дар бозгашт ҳангоми аз тангкӯчае гузаштан тасодуфан Маъруф ном ҷавони ҳамдеҳаашон ба ӯ бархӯрд. «Магар кӯрӣ, ки пеши поятро намебинӣ?» -ситеза намуд духтар. Маъруф бо лабханд аз Гулнисо узр пурсид. Гулнисо бо қаҳр ба ҷавон нигарист, то боз чанд гапи обдор зада, ӯро дар ҷояш шинонда монад, вале… Ин нигоҳ ба ӯ бисёр гарон афтод. Дили духтар дар каманди абрӯвони сиёҳи пайвастаи ҷавон дармонда, худро гум кард.

Бибурд аз ӯ қарору тоқату ҳуш,

Бути сангдили симинбаногӯш.

Зи тоби оташи савдои ишқаш,

Ба сони дег доим мезанад ҷӯш.

Элак баҳонаю дидор ғанимат

Қоқуву пудиначиниро баҳона карда, акнун Гулнисои дилбохта ҳар рӯз ба мулоқот мерафт. Ин ҳолати ӯ аз чашми тезбини бародараш пинҳон намонду қарор дод, ки аз паси хоҳараш назорат мекунад. Гулнисои аз оламу одам бехабар пас анҷоми кори хона боз ҳамроҳи дугонаҳояш ба лаби дарё пудиначинӣ рафт.

Деве дар камин

Духтарҳо бо ҳам ҳазлу шӯхикунон хандида пудина мечиданд. Сармасти ҷавонӣ онҳо ҳатто пайхас намекарданд, ки ду чашми аз хуну нафрат пур аз гӯшае таъқибашон дорад. Ниҳоят Маъруф ҳам расида омад ва салом дода, дар паҳлӯи Гулнисо болои санге нишаст. Ҷавон суханҳои зебои ошиқона мегуфту чеҳраи духтар мисли лола мешукуфт. Ҳарду дар олами орзуҳои ширин ғарқ шуда дастони якдигарро доштанд ва савганд ёд карданд, ки ғайр аз марг дигар касею чизе онҳоро аз ҳам ҷудо карда наметавонад, вале…

Косаи сабри Рустам бо дидани ин манзара лабрез шуду дар як дам мисли абри сиёҳ дар болои сари дилдодагон пайдо шуда дод зад:

-Ҳардуи шуморо накушум, аз пушти падарум набошум!

Маъруф бо дидани ин деви хунхор мисли тири аз камон ҷаста гурехт. Гулнисо монду бародари аз қаҳру ғазаб девонагаштааш.

Ташнаи хуни хоҳар

Духтар дарақ-дарақ ларзида зорию илтиҷо мекард, ки аз гуноҳаш гузарад. Аз дидаҳояш чун борони баҳорӣ ашк мешориду мешорид, вале оби чашмони зебои ӯ дили бародарашро нарм накард. Рустам мисли футболбоз бо мӯзаҳои чармини вазнинаш бераҳмона ба сару рӯйи хоҳараш мезаду мезад. Гулнисои дар хоку хун жӯлида тӯби футбол барин дар пеши пойи бародари бераҳмаш ғел мехӯрд. Духтарҳои ҳамсоя гирёну нолон ба хонаи онҳо давида, модари Гулнисоро хабар доданд. Зиёдаи бечора талхакаф шуда: «Духтарамро мекушад, беинсоф» гӯён, ду ҳамсояашро ба кӯмак даъват кард. Ҳамсояҳо бошитоб ба ҷойи воқеа давиданду модари зор аз қафо афтону хезон худро ба соҳили дарё расонд. Чашми Зиёда ба писари разилаш афтиду дуд аз димоғаш баромад. Сар то пои Рустам ғарқи хун буд, Гулнисои ноком бошад, бо сару рӯйи хуншор дар хоку хун оғушта беҳушу беёд мехобид. Касе ғайрат намекард, ки духтараки маҷақшударо аз замин бардорад. Зиёда ҳоли зори духтарашро дида аз ҳуш рафт. Ҳамсояҳо духтарро пеш- пешу модаро аз қафо бардошта ба хонаашон оварданд. Касе духтур ҷеғ зад, аммо табибон наметавонистанд ҷони ҷавони Гулнисоро аз панҷаи деви аҷал раҳоӣ бубахшанд. Дар фасли зебои баҳор, ки ҳама гулу растаниҳо сар боло карда қомат мекашиданд, Гулнисои ҷавонмарг қурбони ҷаҳли бародари ваҳшияш гашта, абадан сар ба хоки тира ниҳод.

Қотил ҷазо гирифт, аммо…

Пас аз ҳафту чили Гулнисо ҳукми бародари ваҳширо бароварданд. Суд Рустами хоҳаркушро то охири умраш ба кунҷи маҳбас маҳкум намуд, вале якумра ҳабс шудани писараш дили хуншори Зиёдаро таскин бахшида наметавонад. Гуфтагӣ барин, баъди гӯру чӯб кардани Гулнисои шаҳид Маъруф ҳам худро ба дор овехта кушт. Аз ишқи ин ду ҷавон ба ҷуз ду теппаи хок, ки дар зераш ин ду гули бармаҳал хазонгашта хуфтаанд, дигар нишоне намонд…

Сар ба пои зиндагӣ бинҳода мемирем,

Сода-сода зиста, ҳам сода мемирем мо.

Дигарон ҷон дода мемиранд аз дасти аҷал

То маҷоли вопасин дил дода мемирем мо.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД