formula feb 2025
Барномаҳои “Радиои Сафина” аз кай пахш мешаванд?
279

Соли равон дар фазои иттилоотии кишвар боз як шабакаи нав пайдо шуда, “Радиои Сафина” ба фаъолият шуруъ хоҳад кард. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ роҳбари нави “ТВ-Сафина” Садриддини Шамсиддин иттилоъ дод.

“Барои фаъолияти “Радиои Сафина” тақрибан 70%-и корҳои зарурӣ алакай анҷом дода шудаанд. Имсол “ТВ-Сафина” ҷашни 20-солагии худро таҷлил менамояд. Мо нақша дорем, ки то ин ҷашн пахши барномаҳои “Радиои Сафина”-ро низ оғоз намоем”,- гуфт зимни нишасти хабарӣ Садриддини Шамсиддин.

“ТВ-Сафина” дар соли 2025 чандин лоиҳаҳои навро амалӣ карданист, ки барномаи адабии маҳфили Мавлонохонӣ, сабти барномаҳои ҳаҷвӣ ва новеллаҳои телевизионии тарбиявӣ аз ҳамин қабил мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД