Commerce bank may-june 2026
Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд баррасӣ шуд
105

Дирӯз, 28-уми май дар маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаи «Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Барнома бо мақсади пешгирии сатҳи гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, ҳамчунин истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал ва таъмини дастрасӣ ба ҳама намудҳои табобат омода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ин беморӣ бар асари вайроншавии мубодилаи қанд дар организм ба вуҷуд меояд ва яке аз бемориҳои хатарнок ба шумор рафта, дар рӯйхати бемориҳое, ки бештари одамон аз он ба ҳалокат мерасанд, дар ҷойи ҳаштум қарор дорад. Мутаассифона, сол то сол шумораи гирфторони диабети қанд дар ҷаҳон ва дар кишвари мо - Тоҷикистон афзуда истодааст. Омилҳои асосии гирифторшавӣ ба ин беморӣ ирсият, фарбеҳӣ, фишорбаландӣ, иллати ғадуди зери меъда, ғадудҳои болои гурда, бемориҳои эндокринологӣ ва стресс мебошанд. Риоя накардан ба реҷаи истеъмоли ғизо низ метавонад боиси ба ин беморӣ гирифтор гаштани шахс шавад.

Тавре коршиносони соҳаи тиб мегӯянд, шахсоне, ки аз тарафи падарӣ диабети қанд доранд, дар насли ояндаи занони онҳо эҳтимоли пайдошавии ин беморӣ дида мешавад, агар аз тарафи модарӣ диабети қанд бошад, эҳтимоли пайдошавии беморӣ дар наслҳои писар ба назар мерасад.

Илми тиб то ҳол якчанд навъи диабети қандро муайян намудааст, вале бештар мардум ба ду навъи он гирифтор мешаванд: диабети қанди навъи 1 ва 2. Ин навъҳо ҳам аз ҷиҳати сабаби пайдоиш ва ҳам роҳҳои табобат аз якдигар фарқ доранд.

Оризаҳои бемории диабети қанд ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: оризаҳои шадид ва музмин. Оризаҳои шадид дар организм ҳангоми аз меъёр паст шудани сатҳи қанди хун ба амал меоянд, ки дар натиҷа шахсро ба беҳушшавӣ ва баъдан кома оварда мерасонанд.

Оризаҳои музмини диабети қанд таъсири худро ба тамоми организм, аз ҷумла ба чашм (ретинопатия), гурда (нефропатия), устухону бандҳо (остеоартропатия), қалб (кардиопатия), пӯст (дермотапатия), рагҳои хунгард (ангиопатия) ва асаб (нейропатия) расонида метавонанд.

Бинобар ин, гирифторони бемории диабети қандро зарур аст, ки барои муътадил нигоҳ доштани сатҳи қанд дар хун доимо бо табиб дар муошират бошанд ва доруҳои тавсияшударо сари вақт истеъмол намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД