Formula novemver 2024
“Барқи тоҷик” гуфт имсол ҳам “лимит” мешавад
537

 

Ширкати «Барқи тоҷик» бо нашри як муроҷиатнома гуфт, азбаски резиши об дар обанбори нерӯгоҳи барқӣ – обии “Норак” ниҳоят кам аст, имсол низ “лимит”-и барқ пешгӯӣ шудааст.

Ҳамзамон, онҳо аз шаҳрвандон хостанд нерӯи барқро сарфакоронаю самаранок истифода баранд.

Ба иттилои ширкат, ҷиҳати таъмини барқ дар мавсими сармо онҳо дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ корҳои таъмиру профилактикиро дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо анҷом медиҳанд.

Бинобар ин, дар ҷараёни таъмир барқ дар минтақаҳо муваққатан хомӯш мешавад. Обу барқи дар ин рӯзҳо захирашуда дар мавсими зимистон ба муштариён дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД