formula
БАРГАРД, ДУХТАРОНАТ ШАВҲАР КАРДАН НАМЕХОҲАНД, ЗАРИФ!
26.11.2020
Р. Азимӣ
5988

 

 Тӯли се сол роҳи шавҳарамро поидам. Ба умед будам, ки меояд, вале интизориҳоям самар наоварданд. Ба духтаронам тез-тез хостгор меомад, аммо онҳо якравӣ карда мегуфтанд: «Бе дуои неки падар ба шавҳар намебароем!» Фарзонаю Маликаам аз ҳамдигар ҳамагӣ як сол фарқ доранд.

Бибиву бобояшон розиянд, ки духтаронамро бе падарашон ба шавҳар диҳам, вале ин апаю хоҳар ҷони маро ба лабам оварда беҳуда ягон касро баумед накунед, то дадаамон аз дари хона надарояд, мо арӯс намешавем» мегӯянд. Падарашон кай меояд, маълум нест. Метарсам, ки духтаронам пирдухтар шуда мемонанд. Чанд бор духтари калониамро насиҳат карда, духтарҳои хешу таборро мисол овардам, ки бе падар ба шавҳар баромада хушбахт шудаанд, гиря карда «хешу таборро мисол наоред оча, беҳтараш ошкоро гӯед, ки дигар зӯрам ба хӯрондани шумо намерасад» гуфт.

Ин духтари сода гумон мекунад, ки ман ӯро ба шавҳар дода, аз як нонхӯри зиёдатӣ халос шудан мехоҳам, охир вай аз куҷо донад, ки аз дили модараш чи гапҳо мегузарад. Ҳар рӯз дар сари ҷойнамоз дуо кардани духтарҳоямро шунида ҷигарам хун мешавад. Ҳамеша як дуо доранд: «Худоҷон, зудтар дадаҷонамонро ба наздамон фирист! Моро тезтар ба дидораш расон. Аз интизорӣ хаста шудаем. Илтиҷо дорам, Худоҷон, дуои мани мискинро мустаҷоб бигардон. Омин!»

Оби чашмам бо шунидани ин дуои духтаронам ба бари рухсорам ҷорӣ мешавад. Аз ҳамин хотир ба саҳифаи «Муҳоҷир» нома фиристодам, то падарашон аз дарди дили духтаронам бохабар гардад. Шавҳарам Зариф ном дорад. Аз тамоми муҳоҷирони дар шаҳри Красноярск буда хоҳиш мекунам, мабодо бо падари фарзандони ман рӯ ба рӯ шаванд, ҳамин мактуби маро расонанд. Бе шавҳар сарҳисоби фарзандонро ёфтан барои зан бисёр душвор будааст. Дадаҷонаш, баргард, ки духтарҳоят ҷонамро ба лабам оварданд. Баргард, то хонаамон тӯйхона шавад!

Фатҳия, модари 45- сола, аз деҳаи Лолазор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД