arzon replenishment
Барфу жола дар Арабистони Саудӣ
1435

Дар бархе аз қисматҳои Арабистони Саудӣ, бахусус минтақаи Ал-Баҳа жола ва барфи ғайриоддӣ боридааст, хабар дод сомонаи "Gulfnews".

Бар асари боришоти ғайриоддӣ раъду барқ ба амал омадааст, ки боиси баста шудани чанд роҳ ва халалдор шудани ҳаракати нақлиёт дар ин минтақа гардидааст.

Наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда ҷамъ шудани жоларо нишон медиҳанд, ки боиси дар роҳҳои баста мондани мошинҳо шудааст.

Мақомоти маорифи Ал - Баҳа қатъи дарсҳоро дар ин рӯз эълон карда, аз донишҷӯён даъват ба амал овардааст, ки ба далели шароити номусоиди обу ҳаво таҳсилро ба таври фосилавӣ идома диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД