arzon replenishment
“Барфак” блогери соли 2024 шуд
28.12.2024
ОИЛА.ТҶ
874

Дар остонаи соли нави мелодӣ дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории “Блогери сол” аз рӯи 10 самт баргузор гашта, актриссаи зебо, ҷаззоб, ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Амина Ҳафизова “Ҳунарпеша-блогери соли 2024” эълон шуд.  

Амина Ҳафизова соли 2001 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, фаъолияти ҳунариашро ҳамагӣ 5 сол пеш дар Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский оғоз намудааст.

Тавре ки худи Амина Ҳафизова зимни як сӯҳбат бо журналистон ёдовар шудааст, аввалин нақши офаридааш дар саҳна Барфак буд.

Дертар, соли 2020, замоне, ки сар то сари сайёраи Заминро вабои асри нав-пандемияи COVID-19 фаро гирифа буд, Аминаро ба сериали “Ишқ. Пул. Душанбе” даъват намуданд. Ин қадами нахустини ҳунарпешаи ҷавон ба дунёи синамо бошад ҳам, барояш комёбӣ ва муваффақияти бузург оварда, Амина Ҳафизоваро машҳур гардонд. Аммо худи актрисса дар суҳбатҳояш зикр мекунад, ки аз овони кӯдакӣ ба санъат шавқу рағбати беандоза дошт ва дар маҳфилу чорабиниҳои мактабӣ сарояндагӣ мекард. Соли 2006 дар “Андалеб” иштирок кард, вале падару модараш ба санъаткор шуданаш зид буданд.

Аз ҳамин сабаб пасаз хатми мактаби миёна Амина ҳуҷҷатҳояшро ба Коллеҷи технологии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси маркетолог супурда, донишҷӯ мешавад, аммо меҳри санъат ҳамоно дар дилаш аланга зада, шуру шавқи ҳунар боис гашт, ки аз идома додани таҳсил даст кашад ва ҳаёташро бо театру синамо пайваста, ба комёбиҳои зиёд ноил гардад.

Имрӯз Амина Ҳафизова яке аз ҳунарпешаҳои машҳур ва муваффақи тоҷик ба шумор рафта, блогери низ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД