Sebiston new 2024 october
Барф хоб бинӣ, тӯй мешавӣ ё бонкрот?
10.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1090

Салом! Мо дар шаҳр зиндагӣ мекунем ва манзиламон ҳамеша гарму нарм аст, вале чанд шаб боз барф хоб мебинам. Гоҳ дар хобам худро дар як дашти калони пурбарф яккаву танҳо мебинаму гоҳи дигар дар байни тӯдаи барф дармемонам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

МАВЗУНА, ш. Душанбе

Посух:

- Аслан барф дар хоб рамзи сафедӣ, покӣ ва ҳаёти хушбахтона аст, вале дар баъзе ҳолатҳо метавонад нишонаи сар задани мушкилот дар ҳаёти шахси хобдида, ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ ва беморӣ низ бошад.

Мувофиқи хобномаи исломӣ дар фасли зимистон хоб дидани барф фоли нек буда, рамзи хушбахтии оилавӣ, ба даст овардани маблағи калон ва сар задани ягон ҳодисаи хурсандиовар дар ҳаёти шахси хобдида аст, аммо дар айёми гармо чандон хуб нест. Кас дар фасли баҳор барф хоб бинад, агар мансабдор бошад, аз вазифа сабукдӯш мегардад, агар бо тиҷорат сарукор дошта бошад, бозораш касод гашта, ба қавле бонкрот мешавад. Дар гармои тобистон барф хоб бинед, зарари иқтисодӣ хоҳед дид.

Духтари ҷавон ва муҷаррад барфи сафед хоб бинад, бахташ кушода шуда, ба шавҳар мебарояд, вале зани шавҳардор барф хоб бинад, байни ӯ ва ҳамсараш ҷангу ҷанҷол сар зада, дилхунукӣ ба миён меояд. Ҷавонмарди муҷаррад барфи сафед хоб бинад, бо духтари покдомон издивоҷ мекунад.

Хоб бинед, ки барф дар зери поятон об шуда истодааст, даромади калони пулӣ ба даст меоред.

Мард хоб бинад, ки барф бошиддат ба сару рӯяш борида истодааст, ба зудӣ зан мегирад ва бори зиндагӣ бар дӯшаш меафтад. Кас хоб бинад, ки барф борида, ҳама ҷо ялаққос зада истодааст, дар ҳаёташ пай дар пай ҳодисаҳои зиёди хурсандиовар рӯй дода, хушбахт мешавад, вале барфи бо хоку лой олуда ва чиёҳу чиркинро хоб дидан чандон хуб нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД