goodwell
Барби –блогери оқипадар Қисми 9
95

Барби –блогери оқипадар

Қисми 9

Манзура ба оина нигариста дар он Барбиро дид. Ороишкарда, зебо, машҳур, аммо дар умқи чашмони ҷаззобаш ғами бузуре нуҳуфта...
Як духтари рӯҳан шикаста, ки бадбахтиашро зери ниқоби шуҳрат ва хушбахтӣ пинҳон кардааст.
—Ту чӣ кор кардӣ, Манзура?-Ба оина нигариста зери лаб пичиррос зад Манзура.
Ин аввалин бор буд, ки ӯ номи ҳақиқии худро бо дард ба забон овард.
Ашкҳояш беихтиёр ба бари рӯяш ҷорӣ шуданд.
— Чаро ман ба ин роҳ рафтам?
Ин саволе буд беҷавоб...

Фарҳод дар назди дар истода буд. Ахмад ҳам чизе намегуфт.
Манзура ба онҳо нигоҳ кард.
— Ман мехоҳам баргардам.
Фарҳод бо овози паст пурсид:
— Ба куҷо?
Манзура бо чашмони пур аз ашк гуфт:
— Ба он духтаре, ки пеш аз Барбӣ будам.
Манзура сарашро хам карда, ба рӯйи замин нигарист.
— Ман дигар чунин зиндагиро намехоҳам.
Аҳмад бо гӯшаи чашм ба ӯ нигариста гуфт:
— Манзура, баъзе чизҳоро баргардондан мумкин нест.
— Медонам.
— Баъзе одамон дигар туро қабул намекунанд.
Манзура чашмонашро пӯшид.
— Медонам.
— Падарат туро оқ кардааст...

— Дар бораи падарам чизе нагӯй,-дод зад Манзура ва бо садои гиряолуд афзуд,-Медонам, ки ӯ аз ман шарм медорад... Ва ҳам ҳам дорад...
Ин суханро гуфтан барояш хеле душвор буд...

Фарҳод бо ҳисси дилсӯзӣ ба манзура нигарист. Манзура бо алам табассум кард.

— Ҳама одамон хато мекунанд, аммо барои хатоҳояшон ҳама чизро аз даст намедиҳанд, Манзура,-Фарҳод хост ӯро дилбардорӣ диҳад.
—Аммо ман чизи аз ҳама муҳим-муҳаббати падарамро аз даст додам, эҳтироми модарамро аз даст додам, ман худро аз даст додам.
Фарҳод мехост боз чизе бигӯяд, вале манзура ба ӯ имкони лаб кушодан надода, суханони пурдардашро идома дод:

—Ман як духтари бадбахтам, ки намедонад, ки чӣ гуна обрӯяшро, ҳайсияташро чи гуна баргардонад...

Ин лаҳза ба телефони Манзура аз рақами ношиносе паём омад: “Манзура, ту фикр мекунӣ, ки баъди ин ҳама ба хона баргашта, ҳама чизро фаромӯш мекунӣ? Барои ту дигар роҳи бозгашт нест, Барбӣ!”

Манзура телефонро сахт дар дасташ фишурд.Дар чашмонаш ҳисси бузурги тарс пайдо шуд, аммо тамоми қйувваташро ҷамъ карда, худ ба худ зери лаб пичиррос зад:

— Шояд барои Барбӣ роҳи бозгашт набошад. Аммо барои Манзура ҳаст.
Фарҳод саволомез ба ӯ нигарист. Манзура флешкаро ба даст гирифт.
— Ман ҳамаи инро ба полис медиҳам.
Ахмад рост ба чашмони Манзура нигоҳ карда гуфт:
— Онҳо туро ҳам саволборон мекунанд. дар бало гирифтор мешавӣ!
— Бигзор.
— Ҳама медонанд, ки ту дар он клубҳо будӣ.
Манзура чашмонашро пӯшид. Дар ин суханон дарди бузурге ниҳон буд, аммо вай дигар аз дард гурехтан намехост.
— Ман худам ҳамаашро медонам.
Манзура ба камераи телефонаш нигарист. Ҳамон камерае, ки солҳо зиндагии сохтаи ӯро ба мардум нишон медод.
Манзура онро кушод.
Фарҳод ҳайрон шуд.
— Чӣ кор мекунӣ?
Манзура пахши мустақимро фаъол кард.

Ҳазорон нафар дубора ба саҳифааш ворид гашта, шарҳҳо пай дар пай пайдо шуданд.
Барбӣ куҷо будӣ?
Чаро Live-ро қатъ кардӣ?
Он мард кист?
Манзура рост ба экран менигарист, вале бори аввал буд, ки ӯ табассум намекард. Аз филтр истифода набурд. Ороишашро пинҳон накард. Танҳо худаш буд. Манзура, на Барбӣ.
—Салом...

Вай худашро дошта натавониста гирист, аммо ба суханаш идома дод:
—Имрӯз ман ба шумо чизеро мегӯям, ки шояд дигар ҳеҷ гоҳ имкони гуфтани онро надошта бошам.
Шарҳҳо зиёд шуданд.
Манзура чашмонашро пӯшид.
—Ман солҳои зиёд ба шумо зиндагии худро нишон додам. Аммо ҳамааш сохта буд. Ҳақиқат ин аст...
Селоби ашк аз чашмаш ҷорӣ шуд.
— Ман худам дар зиндагии худ гум шуда будам.
Ҳатто Фарҳод нафасашро нигоҳ дошт.
— Ман хато кардам.
Манзура ин се калимаро бо тамоми ҳастияш гуфт.
— Ман ба роҳи нодуруст рафтам... ва имрӯз аз ҳама корҳои кардаам пушаймонам...
Дар ҳамин лаҳза як шарҳ пайдо шуд.
Барбӣ, ту ҳама чизро дорӣ. Чаро гиря мекунӣ?
Манзура онро хонд ва бо алам табассум кард.
— Баъзан одам метавонад ҳама чиз дошта бошад..
Ӯ таваққуф кард.
— Аммо як чизро надошта бошад.
— Худро.
Ин сухан дар дили ҳазорон нафар нишаст.
Манзура идома дод:
— Ман намедонам, ки шумо баъд аз ин маро қабул мекунед ё не. Намедонам, ки падарам дигар маро духтараш мешуморад ё не. Намедонам, ки модарам аз ман то чӣ андоза ранҷидааст...
Ӯ ашкашро пок кард.
—Аммо ман мехоҳам баргардам. Мехоҳам Барбиро гӯр карда, ба ҳаёти як духтараки оддӣ бо номи Манзура баргардам...

Ва ҳамин вақт паёми нав пайдо шуд. Паём аз рақами ношинос ва ҷойи номи фиристанда танҳо як калима “Падар” навишта шуда буд..

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД