Бар асари сӯхтор дар “Латтабозор”-и Панҷакент 300 нуқтаи савдо зарар дидаанд
298

Бар асари сӯхтор дар “Латтабозор”-и Панҷакент ҳудуди 300 нуқтаи савдо ба коми оташ рафтааст.

Бино ба иттилои Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, сӯхтор дар бозори «Гулистон», ки бо номи «Латтабозор» машҳур мебошад, тахминан соати 22:10-и шоми 12-уми ноябр сар зада, алангаи оташ ба масоҳати 792 метри мураббаъ паҳн гаштааст. Бар асари сӯхтор 280 нуқтаи савдои зери айвонҳо ва 20 мағозаи фурӯши молу либос осеб дидаанд.

Барои хомӯш кардани сӯхтор 7 мошини сӯхторхомӯшкунӣ, 4 мошини обкаш ва 87 нафар кормандон сафарбар шудаанд. Сӯхтор то соати 2:30 дақиқаи 13 ноябр пурра хомӯш карда шудааст.

Хушбахтона, наҷотдиҳандагон тавонистаанд паҳншавии сӯхторро ба биноҳои истиқоматӣ пешгирӣ намоянд.

Сабабҳои сӯхтор ва ҳаҷми хисорот муайян карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД