Як марди 37-олаи сокини шаҳри Истаравшанро барои содир намудани ҷинояти вазнини одамкушӣ ба мӯҳлати 20 сол равонаи зиндон намуданд.
Баҳоваддин Нарзуллоев дар куштори ваҳшиёнаи ҳамсараш муттаҳам дониста шудааст.
Куштори даҳшатангези зан ба дасти шавҳар тобистони соли 2022 сар зада, Баҳовиддин Нарзуллоев барои “дар ҷойи гуфтааш наистодан” ҳамсарашро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст. Моҳи августи соли 2022 Нарзулоев ҳамроҳи ҳамсараш Уғулой Пӯлотова ба бозори марказии шаҳри Истаравшан рафта, барои харидории оби нӯшокӣ ба мағоза медарояд. Пас аз баромадан аз мағоза мард мебинад, ки занаш дар ҷое, ки гуфта буд, истад, нест ва ба ғазаб омада, шароб менӯшад, сипас ба хона омада, ҳамсарашро бераҳмона зери лату кӯб мегирад.
Марди гургсират бо ин ҳам қонеъ нагашта, термоси оби ҷӯшро ба рони пойҳои занаш мерезад ва сипас гулӯяшро бғӯӣ карда, занро ба таври ваҳшиёна ба қатл мерасонад.
“Баҳоваддин Нарзуллоев бо мақсади пинҳон кардани амалаш сару либоси хунолуди занашро иваз карда, як рӯз пас волидони марҳумро огоҳ кардааст, ки гӯё духтарашон бо марги худ фавтидааст, вале хулосаи экспертизаи судӣ маълум кард, ки Уғулой Пӯлотова бар асари латукӯб ва буғикунӣ ҷон додааст”-навиштааст Бомдод.