ИДОМААШ...
Ба мисли ношиносе рав!
Рӯзи Душанбе дар ҷои кор барои сигоркашӣ ба пешдолон баромадаму сурудашро монда, гӯш кардам. Мо гоҳ-гоҳ барои ҳамдигар суруд мехондем. Ҳатто боре ба ӯ пешниҳоди хондани дуэтро карда будам.
Албатта тариқи телефон мехондем, аммо барои сабташ ӯ розӣ намешуд. Садои зебое дорад, аммо ҳеҷ гоҳ ин қадар эҳсосотӣ нашуда будам, ҳатто аз чашмонам ашк рехт. Садои замзамааш гӯё аз телефон набуд, балки зинда месуруд. Ким чизеро медонистагӣ барин, чанде пеш бароям суруде фиристода буд:
Агар рӯзе маро дар гӯшае дидӣ,
Садоямро зи дуриҳо ту бишнидӣ,
Ба мисли ношиносе рав.
Бидуни пурсу посе рав.
Суруди дигараш на танҳо аз ҷудоӣ, балки аз марг буд. Шояд ӯ маро фиреб кард. Шояд аз аввал бемор буданашро медонист. Ё чунин сурудҳои ҳузнангез хонданашро сабаб дарду ранҷ ва машаққати зиёди дар зиндагӣ кашидааш буд.
Ин ҷо поёни қисса нест... Гоҳҳо дилаш танг мешаваду занг мезанад. Ман ӯро ба худ одат накунонам гуфта, баъзан ҷавоб намедиҳам. Аммо мехоҳам шодаш бинам ва ба ин хотир, баъзан ҳамсуҳбат мешавем.
Қасам додӣ ба ишқат нуқта монам,
Қасам нашкастаму се нуқта мондам...
Пушти пардаи “Дӯстони радиоӣ”
Ин нуктаро фаромӯш кардан мехоҳам. Мехоҳам аз ин саргузашт танҳо хотироти хуб дошта бошам... Аммо ба худам дурӯғ гуфта наметавонам. Ҳақиқатест дар дилам нуҳуфта: Санавбар ба ман вафодор набуд... ё ман аз рашк чунин меандешам... Ду бор ба хотири санҷидани вафодории Санавбар аз рафиқонам хоҳиш кардам, ки бо ӯ тамос бигиранд ва суҳбат кунанд. Мутаассифона, дар ҳар ду маврид Санавбар ба онҳо рӯйи хуш дод, суҳбат кард, аксҳояшро фиристод ва ҳатто розӣ буд, ки вохӯранд... Инро дар як гӯшаи қалбам мехостам дафн кунам, аммо... Агар ҳар нафаре мисли ман ба ӯ меҳрубон мебуд, шояд...
Ва як бор вақте, ки бо ӯ суҳбат доштем, гуфт, ки айни замон дар беморхона сари кор аст. Ман аз ӯ хостам, ки чанд акс бо либоси сафед фиристад. Ӯ низ фиристод. Дидаму чизе нагуфтам. Фақат баъди ин ҳама воқеаҳо мушоҳида кардам, ки ин аксҳо дар хона бардошта шудаанд, на сари кор. Сабаб дар чӣ буд? Барои чӣ бояд Санавбарам ба ман дурӯғ мегуфт? Ҳақиқат чист? Намедонам...
Ҳайрон мешудам, охир вақте боре сари ин масъала гап мезадем, ман ишора карда будам, ки гузаштаи ӯ моли ӯ ва гузаштаи ман моли ман ва оянда моли ҳардумон бошад, аммо...
Рафиқи офтоб
АНҶОМ