Имрӯз овозхони маҳбуб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мушовири роҳбари ансамбли овозадори “Гулшан” Баҳодур Неъматов зодрӯз дорад.
Ин арбоби ҳунари тоҷик имрӯз 69-сола шуд. Ба ин муносибат, сомонаи “Oila” бо ҳунарманд ҳамсӯҳбат шуда, мавсуфро ба ифтихори истиқболи боз як баҳори умр шодбош гуфт.
Дар мавриди оне, ки сароянда зодрӯзашро чӣ гуна ҷашн мегирад, ҳунарманд гуфт, дар ҳалқаи хонавода, набераҳову пайвандон дар домани табиат ин рӯзи фаромӯшнашавандаро таҷлил хоҳад кард.
“Айни ҳол, ман ҳамроҳ бо аҳли оила, фарзандону набераҳо ва ҷиянҳо ба даразаи зебои Ромит рафта истодаем. Чун сайёҳатро, махсусан, кӯҳгардию табиатро дӯст медорам, қарор додам зодрӯзамро дар табиат гузаронем”, - гуфт ин овозхони шуҳратёр.
Баҳодур Неъматов афзуд, ки аз рӯзгори сипарикардааш розию қаноатманд аст ва агар фурсат барояш имкон медод, то чизеро аз зиндагиаш ислоҳ кунад, ҳатман бештар илм меомӯхту тарона месуруд.
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Сипас, мавсуф аз овони ҷавонӣ ва ҳамнишинию ҳамкорӣ бо нобиғагони санъат, чун Орифшо Орипов, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова ва дигарон ёд карда, бо ифтихор сафарҳои ҳунарӣ, кор дар Хонаи радио ва ҳунанамоиҳояшонро дар тӯю хурсандии мардум қисса кард.
“Ҳар гоҳе ба “Гулшан” меравам, хандаву шӯхӣ ва суҳбатҳои Орифшо Орифов пеши назарам меояд. Ба ёд меорам, ки чӣ тавр ҳамроҳ бо Муқаддасу дигарон ба тӯйҳо мерафтему барои сафарҳои ҳунарӣ омодагӣ мегирифтем. Дар тамоми Тоҷикистон дӯстон пайдо карда будем”, - нақл кард мутриб.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Неъматов 20 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ соли 1990 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, аз соли 1977 дар Ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекунад. Аз моҳи январи соли 2001 то апрели 2003 роҳбарии онро ба уҳда дошт. Ҳоло ба ҳайси омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов фаъолияти омӯзгориро давом дода истодааст ва ҳамзамон, мушовири роҳбари ансамбли мазкур аст.
Баҳодур Неъматов овозхони соҳибистеъдод ва бомаҳорати эстрадаи тоҷик аст, ки дар инкишофи ин навъи ҳунар хидмати пурарзише кардааст. Садҳо суруд дар иҷрои ӯ садо додаанд, ки «Эй Ватан», «Шаб ба хайр», «Майда -майда мерақсӣ», «Ҷононаке», «Бути нозанин», «Гулро намефӯшанд», «Ишқи дерин», «Чу механдӣ»,"Чашми сиёҳе дорӣ","Боз ошиқ шавам", «Дунёи ҷавонӣ»,"Ёр, ёр дилозор", «Сулҳ», «Ҷон модарам», «Занг бизан», «Душанбе - шаҳри Ваҳдат», «Эй ҳамватан»,"Тоҷикистон" ва ғайра ба сабку равиши нотакрор аз ин ҷумлаанд.
Ӯ давоми фаъолияти эҷодӣ бо оҳангсозон Қудратулло Яҳёев, Амирбек Мусоев, Зайниддин Зулфиқоров ва дигарон ҳамкорӣ намуда, ба баъзе сурудҳо худаш низ оҳанг бастааст. Ба чанде аз кишварҳои дунё, чун Афғонистон, Япония, Корея ва ғайра сафари ҳунарӣ дошт.