Баҳовиддин Неъматов ба ҷои Бахтиёр Иброҳимов, роҳбари бадеии Оркестри эстрадии “Гулшан” таъин шуд.
Баҳовиддин Неъматов, писари Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва узви ансамбли эстрадии “Гулшан” Баҳодур Неъматов мебошад.
Як манбаъ бе зикри номаш хабар дод, ки Бахтиёр Иброҳимов, ҳамакнун собиқ роҳбари ин гурӯҳи овозадорро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи роҳбарӣ озод карда, ба ҷои ӯ Баҳовиддин Неъватовро таъин карданд.
Ансамбли эстрадии «Гулшан” аз моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони Тоҷикистон таъсис ёфта, то имрӯз фаъолият мекунад.