Ҳар субҳи содиқ сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Гавҳарбӣ Пиракова корро аз нигоҳубини дарахтони банан, ки онҳоро дар замини наздиҳавлигиаш парвариш мекунад, оғоз менамояд. Аксарият шояд ба имконпазир будани ин амал бовар надоранд. Аммо бовар накарданашон беҳуда аст.
Ҳамин меҳнатдўстӣ буд, ки собиқ сардори бригадаи пахтакорӣ Гавҳарбӣ Пиракова дар даврони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардид. Имрўз низ ғайрату талоши ин зани фаъол, ки моҳи майи соли равон ба синни 80 расид, барои занону духтарони ҷавон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.
Дарахти банан дар ҳавлии Гавҳарбӣ Пиракова имсол назар ба соли пешин ҳосили бештар додааст. Ҳарчанд бибии Гавҳарбӣ таҷрибаи бисёрсолаи деҳқонӣ дорад, аммо дар бораи парвариши дарахти банан ва тарзи нигоҳубини он, ки асосан дар мамлакатҳои ҷанубии Осиё ва Африқо мерўяд, тасодуфан маълумот пайдо намуд.
Гап сари он аст, ки ҳафт сол пеш писараш як ниҳоли банан оварда буд ва Гавҳарбӣ бо шавқу ҳаваси зиёд ба парвариши он машғул гардид. Ҳар қадар кори заҳматталаб ҳам ки бошад, ў мехост ин дарахти тропикиро парвариш карда, аз он ҳосил рўёнад. Ба гуфтаи ў, пас аз чандин соли озмоиш ва иштибоҳҳо дар парвариши он дарахтони бананҳояш имсол зиёдтар мева додаанд. Охирҳои моҳи декабр ӯ дар фикри чӣ гуна ҳифз кардани дарахтони банан аз сармову барфи дар пеш истода афтодааст.
Агар ҳафт сол пеш дар ҳавлии Гавҳарбӣ ҳамагӣ як дарахти банан мавҷуд буд, ҳоло шумораи он ба даҳ дона расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ду соли охир зимистон гарм омад ва теъдоди дарахтони бананаш зиёд шуданд.
«Перор ва соли гузашта ҳаво гарм буд ва меваи банан он вақт пухта мерасид. Ҳоло меваи он 100 фоиз напазад ҳам, дарахтон ҳосил додаанд. Мо меваҳои онро ҷамъ карда, дар як ҳуҷраи гарм гузоштем, пухта расиданд ва кӯдакон онҳоро хӯрданд», — гуфт ӯ.
Парвариши банан ба шуғли дӯстдоштаи Гавҳарбӣ Пиракова табдил ёфтааст. Вай орзу дорад, ки дар ҳавлии худ боғи пур аз дарахти бананро бубинад. Тибқи эътиқоди мардум, онҳо (бананҳо) рамзи дӯстӣ, ваҳдат ва хушбахтӣ мебошанд. Ин мева яке аз маҳсулоти асосии ороишдиҳандаи дастархони идона дар Соли нави мелодӣ мебошад. Зимнан, ҳамасола дар Соли нав пайвандон, фарзандон ва набераҳо аз меваҷоту сабзавоти парваришнамудаи ў баҳра мебаранд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Гавҳарбӣ Пиракова ҳамчунин ба нигоҳубини боғ дар 4 гектар машғул аст. Дар ин боғ дарахтони зиёди мевадиҳанда мавҷуданд, ки ў тамоми рўз ба парвариш ва нигоҳубини онҳо машғул аст. Гавҳарбӣ хастагиро ҳис намекунад, ба гуфтаи ў ин кор барояш хушҳолӣ меорад.
Хонаводаи Гавҳарбӣ Пиракова ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигияшонро мақсаднок истифода бурда, дар он картошкаву пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг ва дигар сабзавот парвариш менамоянд. Онҳо оилаи худро бо маҳсулоти мазкур таъмин карда, боқимондаашро ба дигарон тақсим мекунанд.
Ин деҳқонзани асил гуфт, ки «тамоми умри худро сарфи кор бо замин кардаам ва баракати рӯзгорро аз он ёфтаам. Беҳуда заминро ба модар шабоҳат надодаанд, чунки он моро мехӯронаду мепӯшонад. Бисёр афсӯс мехӯрам, ки баъзе одамон аз ин неъмати бебаҳо самаранок истифода намебаранд. Ақаллан дар заминҳои наздиҳавлигиашон, ки солҳо бекор хобидаанд, шибиту райҳон намекоранду барои харидани он ба бозор мераванд».
Ба гуфтаи ў, «гап сари нархи он намеравад, шояд чандон қимате надошта бошад. Аммо медонед, чӣ қадар лаззат дорад чидану истеъмоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозае, ки худат парваридаӣ?! Бӯйи хушу атромези дар ҳавлӣ паҳншудаи райҳону шибитро намегӯӣ?! Чӣ қадар он табъи касро хуш мегардонад, ба кас неруи тоза мебахшад».
Ў ёдовар шуд, «гузаштагони мо кӯшиш мекарданд, ки ғалларо барои ду сол сол захира кунанд. Аз даврони кӯдакӣ ёд дорам, мо ва ҳамсояҳо кулӣ (ҷои махсус барои дуру дароз нигоҳ доштани ғалла) доштем. Дар он ғалла захира мекардем. Зироати донагӣ — лубиё, нахӯд, наск, зағир, мош, маъсар, кунҷит ва шолиро ҳам барои чанд сол нигоҳ медоштем. Кадбонуҳои тоҷик аз зироати донагӣ чунон хӯрокҳои бомазза мепухтанд, ки таъмашон аз ёди кас намерафт. Ҳоло кадбонуҳо аз ин маҳсулот, ки ба саломатии инсон муфид аст, кам истифода мебаранд. Шояд аз сабаби он бошад, ки пухтани он каме вақти зиёдтар талаб мекунад».
«Ман ҳамеша ба мардуми меҳнатқарини Чин аҳсан мехонам. Як бор ба заминҳои кишти онҳо, ки дар чанд минтақаи Тоҷикистон гузарониданд, назар афканед. Бубинед, як обу як ҳавою замин, аммо ҳосили рӯёндаи онҳо ҳамеша зиёд аст. Аз барномаҳои телевизионӣ ҳам мебинам, ки онҳо дар ватанашон заминҳои талу теппа, ҷойҳои душворгузарро, ки заҳмати сангин талаб менамоянд, барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ самаранок истифода мебаранд. Дидам, ки ҳатто болои бомҳои баландошёнаро барои истеҳсоли маҳсулот истифода менамоянд. Мо бояд аз онҳо тарзи дурусти корро ёд гирем. Агар заминро дӯст дорӣ, ба қадраш бирасӣ, арақи ҷабин рехта, онро мақсаднок истифода барӣ, ҳеҷ гоҳ бенаво намемонӣ», — таъкид намуд Гавҳарбӣ Пиракова.