Ман Сафиева Моҳистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ мебошам. Беш аз 20 сол бо хушдоманам дар зери як бом зиндагӣ кардаам. Рости ман келини калонии хонадонам ва аввалҳо фикр мекардам, ки бо ҳунармандиям ҳамаро қоил мекунам, вале хушдоманам дар ҳар корам ягон хатогӣ меёфт. Ман дигар келинҳо барин қаҳр намекардам, баръакс табассумкунон мегуфтам: «Хуб мекунед, ки хатоямро дар рӯям мегӯед холаҷон, ба шарофати шумо тарзи дурусти рӯзгордориро ёд мегирам…»
Ҳамин хислатам ба модаршӯям писанд омада, маро сахт дӯст дошт. Дигар хушдоманҳо келинҳояшонро аз дар баромадан намемонданд, модаршӯйи ман бошад, ба кадом маъракае, ки равад, албатта маро ҳамроҳаш мебурд. Аз келину хушдоман дида мо ба ду дугонаи ҷонӣ бештар монанд будем. Ҳаққу ҳамсояҳо муносибати гарму пур аз меҳру муҳаббати моро дида гиребони ҳайрат дошта мегуфтанд: «Наход келину хушдоман ба гуфти русҳо «подрушка» карда гарданд?!» Ин суханҳоро шунида хандаам мегирифт.
Борҳо занони калонсоли қишлоқ ба хушдоманам гуфтаанд, ки келинатро ин қадар эрка накун, ки болои сарат мебарояд, вале модаршӯям даст афшонда «худо ба ҳар кас худаш инсоф ва ақлу фаросат диҳад» гуфтааст.
Хусурам муносибати моро дида ҳазл мекарданд: “Кампир, хушдоман бояд алови чашми келинро бигирад, ту бошӣ келинатро ба тамошои боғу роғ мебарӣ. Ё худат девонаӣ ё келинат…”
Ҳарду аз ин гапи мӯйсафед қоҳ-қоҳзанон хуб механдидем, баъд хушдоманам оҳи сабук кашида мегуфтанд: “Аз гандагӣ кӣ обрӯ гирифтааст, ки мо гирем? Бо ҷангу дилсиёҳӣ на зиндагӣ пеш мераваду на вақти одам хуш мешавад. Худам дар вақташ аз дасти хушдоман азобу ранҷи бисёр кашидам, барои ҳамин келинамро ситам дода, рӯзашро ба шаби тор табдил додан намехоҳам. Ҳамин бечора ҳам ба умеди бахт ба хонаи мо омадааст, бигзор рӯзу рӯшноӣ бинад, аз зиндагиаш осояд. Дар ин дунёи гузарон аз одам фақат номи нек мемонад, мӯйсафед…”
Шавҳарам ҳамеша нимшӯхию нимҷиддӣ аз ман мепурсид:
-Занакҷон, росташро гӯй, калиди дили модарамро чӣ хел ёфтӣ?
Табассум карда мегуфтам:
-Намегӯям, ин сири махфӣ аст!
-Хайр, ба ман нагӯӣ ҳам майлаш, ақаллан ба келинҳои ҳамсоя бигӯй, то ҷангу ҷанҷолашон бас шаваду гӯшамон ором бигирад.
-Айби худашон аст, хушдоман, ки як гап зад, бидиросзанон дар як дам сад ҷавоб медиҳанд. Келини лӯлӣ ба кӣ маъқул мешавад?!-Мегуфтам дар ҷавоб ва меафзудам:-Мардакчон, модари шумо дар ҳақиқат зани биҳиштӣ аст. Хайрият, ки аз байни ҳамин қадар талабгор маҳз шуморо интихоб кардаму чунин хушдомани хуб насибам гашт, вагарна кӣ медонад, шояд ба ягон хушдомани золим афтида, ҳолам аз ҳоли келинҳои ҳамсоя бадтар мешуд.
-Балоӣ-а, ҳам худатро таъриф мекунию ҳам хушдоманатро ва ҳам дили маро меёбӣ,-мегуфт шавҳарам ва маро рӯйи даст бардошта мисли кӯдак чарх мезанонд.
Шабҳо пойҳои модаршӯямро маҳс карда, дуои некашро мегирифтам. Намемондам, ки модаршӯям дасташро ба оби тар занад, либосҳояшро шуста дарзмол мекардам, хӯрокашро дар вақташ пухта, ҷойхобашро меандохтам, то ки дар ман ягон айбу камбуди наёбад.
Дугонаҳои азиз! Дили хушдоманатонро ёфтан хоҳед, хизматашро аз ҷону дил иҷро намоед ва ҳар рӯз се маротиба ба рӯяш нигариста гӯед: «Модарҷон, шумо файзу баракати хонадони мо ҳастед. Ҳамеша дуо мекунам, ки сояи давлататон аз сари набераҳоятон дур нагардад!» Хушдоманатон аз шунидани ин суханҳои пурмеҳри шумо курта-курта гӯшт мегирад ва шуморо на ҳамчун келин, балки ҳамчун фарзанди худаш қабул карда, дӯст медорад!
Моҳистон, н. Панҷ