Оташи ҷанг
Оромии оилаи мо, умуман ватанро садои тирҳои ҷанги шаҳрвандӣ халалдор карданд, бародарони ман низ гуреза шуданд. Хоса Амир, ки он вақтҳо хеле сарватманд буд ва ба Гуландом Худо дод!
Ӯ аз хонагӣ шудани ҳамсараш истифода карда, бо қумандоне аҳди ошиқӣ баст ва зиндагии оилаашро таъмин мекард. Ризо аз тарси ҷон лому мим нагуфта, бо духтару писараш дар хона меистоду Гуландом медонисту дави аспаш. Хушбахтона ҷанг тамом шуду бародаронам аз гурезагӣ баргаштанд, дар ин миён падару модарам дунёро падруд гуфтанд. Амир баъди ҷанг ба тиҷорат сар кард, Гуландом низ зуд-зуд ба Дубаю Эрону Ҳиндустон рафта, ба гуфти худаш тиҷорат мекард.
Байни мардум дар гирди номи Гуландом овозаҳои зиёде паҳн шуданд, мегуфтанд, ки ӯ мисли худаш занҳои зеборо ҷамъ карда, як муддат ба хориҷа барои фоҳишагӣ мераванд…Ин миш-мишҳо ба гӯши Амир низ расиданду ӯ ба хонаи Гуландом рафта, то ними шаб нишаст то бо хоҳараш гуфтугӯ кунад. Гуландом хеле дер ба хонааш омада, амакашро сари миз бо Ризо дида, ҳайрон шуд, Амир ба Гуландом мегӯяд, ки минбаъд аз хона берун намеравад.
“Ман Ризоро дар тиҷоратам ҳамроҳ мегирам, дайдугӣ бас!” мегӯяд бародарам. Гуландом низ майлаш мегӯяд, вале баъди як ҳафтаи ин гуфтугӯ ҷасади бародарамро аз зери купрӯке пайдо карданд… Гуландом баробари ман нола мекард, ҳама дар ғами Амири чилупанҷсолаи ғурамарг хун мехӯрдем…
Мастию ростӣ
Гуландом ҳама маъракаҳои Амирро чун тӯй гузаронид, дасти мададаш ба ман низ бисёр мерасид, зеро ман ҳам дар ҷанг саробонамро гум кардам. Шавҳарам аз бемории зардпарвин оламро падруд гуфту бо як хона бача танҳо мондам. Гуландом бо полковники милисае мисли зану шавҳар зиндагӣ мекард, вале бародархонд меномид. Ризо ҳамеша май менӯшиду ҳамин, ки ман ба хонаашон рафтам, дарди дил мекард:
-Апа, хоҳарат ҷалаб аст, мисли модараш, ана очаи ҷалабашро ёфта, ӯро нигоҳубин кард, ӯ мисли саг ҳаром мурда бошад ҳам, дар тарабхонаҳо худоияш мекунад, вале дар ҳаққи кампири модаркалонаш, ки ӯро калон кардааст, як табақ нон мекунад, не?! Ана дар сари қабри очаи фоҳишааш, ки бо миллион мард ҳамхоба шуда буд, санги мармар гузошт, аммо гӯри бобою бибияшро хабар мегирад?!
Ман Ризоро насиҳат мекардам, ки дар ҳаққи хоҳарам гапҳои пасту баланд нагуяд, вале ӯ рост мегуфт… Як рӯзи дигар Ризо мастомаст як сирреро кушод, ки аз ҳайрат шах шудам.
-Амир, рафиқи ҷонии маро низ ҳамин ҷалаб кушт, апа, Амир ба ӯ гуфт, ки тамом, ту дигар дайдугӣ намекунӣ ва ӯ буққаҳояшро фармуд то Амирро кушанд,- зор-зор гириста гуфт Ризо. Албатта ман инро ба Гуландом нагуфтам, вале…
Пайғоми ҳақ
Пас аз чанд вақти ин ҳодиса Ризо аз Гуландом ба таври қонунӣ ҷудо шуд ва зани дигар гирифт, Гуландом кӯдаконашро ба Ризо дод ва зани дуюми акахондаш шуд. Аз заношӯии эшон соле нагузашта, полковники милисаро барои нашъаҷалобияш дастгир карданду ӯ дар зиндон худашро овехт. Гуландом бехонаю дар, овораю дар ба дар шуд, ягон нафар ба ӯ рӯйи хуш намедоданд, танҳо ман пинҳонӣ аз ҳама ёрияш медодам, зеро писаронам калону пулёб шуда буданд. Он гапи мудҳиши Ризо аз хотирам баромада буд, вале як шаб модарамро хоб дидам, он шаб Гуландом меҳмонам буд. Дар хобам ба модарам гуфтам, ки “очаҷон, дидӣ ин Гуландом аст, чаро ҳамроҳаш салом намекунӣ?” Модарам рӯяшро бо лаби қарсаш пӯшонида гуфт: “Гумаш кун, Худозадаро, бачама ҳамин кушт…” Мардум хобро пайғоми ҳақ мегӯянд, ҳарчанд ҳеҷ гоҳ аз хоҳарам напурсидаам, ки ӯ дар қатли бародарам даст дорад ё не, вале дар дил ба Гуландом нафрат дорам. Ғами дар ниҳонхонаи дил зангорбастаамро барои он рӯйи саҳифа овардам, ки каме сабук шавам….
Руқиямоҳ,
Таснифи Нисо