Arzon march 2024
БАЛОИ ҶОН (қисми 1)
3684

 

“Во балам, во арӯси номуродам, чаро раҳм ба ҷони ҷавонат накардӣ? Чаро маро дар назди дўсту душман шармсор кардӣ? Хок бар сари ман барин модари эркадор” - гӯйии холаи Мастура дар субҳи солеҳон мардуми деҳаро ба по хезонд.

Дар як дам ҳавлии холаи Мастура пур аз одам гардид. Шиносу ношинос ашк мерехтанд. Яке барои Шабнами ҷавонмаргу дигаре барои нолаҳои дилсӯзи модари ў. Аз ҳама пеш ман, ки ҳамсинфи Шабнам будам, ба хонаи онҳо омадам. Танҳо ман сабаби марги дугонаи наздикамро медонистам ва маънии гиряҳои модари ўро дарк мекардам.

Ашки чашмонам қатор ба ҳуҷраи майитбуда даромадам. Дар мобайни хона ҷасади зебои дугонаам Шабнам рост карда шуда буд. Манаҳашро чунон баста буданд, ки гўё вай табассум мекард. Чашмони нимвояш гўё ба тарафи ман нигоҳ мекарданд.

Дугонаҳо

Шабнам ҳамроҳии ман дар як синф таҳсил мекард. Мо аз овони хурдӣ дар як деҳа ба дунё омада, дар ҳамсояги ҳамдигар зиндагӣ мекардем. Аз ин сабаб, аксар вақт моро падару модаронамон аз хонаи ҳамдигар ҷустуҷўй мекарданд. Ба мактаб бо ҳам мерафтем ва якҷоя дарс тайёр намуда аксаран баҳои якхела мегирифтем. Тарзи либоспўшиамон низ як хел буд.

Синфи 8 - ро тамом карда ба синфи 9 гузаштем. Ду бародари Шабнам дар Русия буданд. Ба муносибати хатми синфи 8 акаҳояш ба ӯ телефонии дастӣ тўҳфа намуданд. Акнун Шабнам чӣ тавр бо он кор карданро меомўхт. Телефон аз дасти ў соате канда намешуд. Шабона телефонро дар таги болинаш монда хоб мекард.

Дар муддати кӯтоҳ ба воситаи телефон вай дўстони нав пайдо кард, чунки бародаронаш телефонии ўро бо интернет пайваст намуда буданду ҳар моҳ маблағаш мегузаронданд. Дар шабакаии «Одноклассники» худашро ба қайд гирифта буд Расмҳои зебои худро низ аз телефонаш дар он ҷой мекард. Телефонаш ҳатто лаҳзае хомўш намеистод. Пайваста бо одамони ношинос гап мезад.

Мо, ки калон шуда будем, аксари кори хона бар дӯшамон буд. Модарам ба монанди солҳои пеш намегузошт, ки ман рўзи дароз ба гаштан машғул шавам. Аз ин сабаб, бо Шабнам кам вомехўрдем.

Шиносоӣ

Рўзе писари холаам ба хонаамон омаду аз ман дар бораи дугонаам Шабнам пурсид. Ман Шабнамро, ки аз ӯ ҳеҷ бадие надида будам, таъриф кардам.

Хуршеди писархолаам суханҳои маро шунавиду баъд нисбати дугонаи ҷониам як гапҳое гуфт, ки аз шуниданашон шармам омад. Аз писари холаам ҳатто ранҷидам, ки нисбати дугонаи ман суханҳои бешармии зиёд гуфт.

Сайругашт

Рўзи иди Рамазон мо ба тамошои пойтахт рафтем. Дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ хеле гаштугузор намудем. Вақте дар як харак барои истироҳат нишастем, телефонии Шабнам садо дод. Ў бо касе дурудароз гап зад. Баъди тамом шудани суҳбати теелефониаш ман аз ў пурсидам, ки бо кӣ гап задӣ, ки ин қадар хурсандӣ? “Рустам” гуфт ӯ. Ман пурсидам, ки “ин кадом Рустам аст?” Ў “ҳамсояи холаам аст”, - гуфта ҷавоб дод.

Ман ин Рустамро мешинохтам. Ӯ аз мо чанд сол калонтар буда, як бор хонадор ҳам шуда буд. Ин вақт гуфтаҳои писари холаам ба ёдам расиду Шабнамро насиҳат карданӣ шудам. “Ҳоло синну соли мо барои ошиқӣ нест.. Барои мо ин рафтори бад ба ҳисоб меравад”. Шабнам ба тарафи ман норозиёна назар андохта, гуфт:

- Шумо дугонаҳо ба ман ҳасад мебаред, чунки мисли ман зебо нестед. Аз ин сабаб ба Шумо кассе нигоҳ намекунад. Манн муҳтоҷи шунидани насиҳатҳои ту нестам.

Нобоварӣ

Бовариам намеомад, ки ин суханҳоро аз даҳони дугонаи ҷониам мешунавам. Баъди ин гапҳояшро шунавиданам, аз алам гиристам. Аз худ пурсидам, ки барои чӣ мани беақл солҳои дароз бо ин духтар дугона будаам?

Дар он рўз писари холаам боз ба хонаамон омад. Вай боз аз ман дар бораи дугонаам пурсид. Хомўш истодани маро дида, ў телефони дастиашро ба ман доду “худат корҳои дугонаатро ба чашми худ бин” гуфт. Ман қаҳрамониҳои дугонаи нимурёнамро бо писарҳо дар телефон дида, аз шарм ва қаҳру ғазаб телефонро ба замин зада, шикастам.

Дугонаи мошинсавор

Шабнамро дигар ҳар рўз савори мошинҳои гуногуни хориҷӣ медидам. Падари ў дар Русия буд. Модараш боварӣ дошт, ки духтараш ба шаҳр рафта, забони англисӣ ва маҳорати кор бо компютерро меомўзад.

Мо ҳамсинфон имтиҳонҳои хатми синфи 9 - ро супоридему рӯзи имтиҳони охирин дар хонаи як ҳамсинфамон ҷамъ шудем. Ҳама шод будем, ки синфи акнун синфи 10 шудем.

Ҳама хурсандӣ доштанд. Ин вақт Сафаралӣ аз мо дар куҷо будани Шабнамро пурсид. Воқеан, ӯ дар байни мо набуд. Баъд Сафаралӣ телефонашро бароварда, ба касе занг заду “Шабнам дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ хоб аст” гуфт. Ин хабар моро дар ҳайрат гузошт. “Ба Шабнам чӣ шуда бошад, ки дар беморхона афтодааст?” – мепурсидем аз ҳамдигар.

Давом дорад ...

 

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21600 мутолиа намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД